“ICT WEEK DUSHANBE 2026” – майдони муосири илм, фанноварӣ ва навоварӣ дар пойтахт

Ҳафтаи илм ва фанноварӣ дар Душанбе чӣ гуна гузашт?

Маводи шарикон

Аз 18 то 22-юми май дар пойтахти кишвар “Ҳафтаи илм, фанноварӣ, навоварӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” – “ICT WEEK DUSHANBE 2026” баргузор шуд. Ин чорабинии бузурги илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони “35 соли Истиқлол: ояндаи рақамӣ аз диди наврасону ҷавонон” доир шуда, ҳадафи асосии он рушди тафаккури илмӣ, фарҳанги техникӣ, малакаҳои рақамӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба илм ва фанновариҳои муосир буд.

Ифтитоҳи расмии чорабинӣ дар “IT Park Dushanbe” ва маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ дар меҳмонхонаи “Crowne Plaza Dushanbe” баргузор шуд.

Майдони муосири муколама ва навоварӣ

“ICT WEEK DUSHANBE 2026” на танҳо як чорабинии намоишӣ, балки ба майдони муосири муколамаи касбӣ ва табодули таҷриба табдил ёфт. Дар доираи он ҷавонон, омӯзгорон, мутахассисон, ширкатҳои IT, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва шарикони рушд имкон пайдо карданд, ки масъалаҳои марбут ба рушди иқтисоди рақамӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, лоиҳаҳои навоваронаро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, чунин корзор барои омодасозии мутахассисони баландихтисос ва таҳкими низоми ягонаи рақамии Тоҷикистон аҳаммияти вижа дорад.

Дар доираи “ICT WEEK DUSHANBE 2026” як қатор чорабиниҳои муҳими илмӣ, омӯзишӣ ва навоварона баргузор шуданд. Аз ҷумла, ҳамоиши наврасони асри фанноварӣ, озмунҳои шаҳрии “Илм ва амал”, “Муҳорибаи роботҳо”, “Омӯзгори муосир” ва “Беҳтарин кабинети фанни технологияи иттилоотӣ”, намоишгоҳи лоиҳаҳои фанноварӣ ва ихтироъкорӣ, IT-машварат, нишастҳои омӯзишӣ ва дарсҳои маҳорат, саёҳатҳои омӯзишӣ ба муассисаҳои соҳаи IT-и шаҳри Душанбе ташкил шуданд.

Ҳамчунин дар доираи ҳафта намоиши дастовардҳои илмиву навоварона ва техникию фанноварии муассисаҳои таълимӣ, марказҳои технологӣ ва ширкатҳои бахши IT баргузор шуд.

Ташкилкунандагон баргузории ҳафтаи илмро омили муҳими баланд шудани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ арзёбӣ карданд.

Иброз гардид, ки ҷавонону наврасоне, ки ба техникаву технологияи муосир, робототехника, ихтироъкорӣ ва навоварӣ шавқу рағбат доранд, тавонистанд дар муҳити муосири технологӣ дониш ва таҷрибаи худро такмил диҳанд.

Дар чорабиниҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва типи нави шаҳри Душанбе, наврасону ҷавонони болаёқат, донишҷӯён, омӯзгорони фанҳои дақиқ ва фанновариҳои иттилоотӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳои IT, шарикони рушд, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва доираи васеи ҷомеа фаъолона иштирок карданд.

IT-машварат ва баррасии иқтисоди рақамӣ

Яке аз чорабиниҳои муҳими ҳафта IT-машварат буд, ки бо мақсади фароҳам овардани майдони муосир барои муколама байни сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд, бахши телекоммуникатсия ва воситаҳои ахбори омма баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 300 нафар ширкат карда, масъалаҳои марбут ба рақамикунонӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ, лоиҳаҳои навоварона мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, иштирокдорон имконият пайдо карданд, ки лоиҳаҳо, замимаҳо, барномаҳо ва ихтирооти худро муаррифӣ намуда, дар муҳити рақобати солим таҷриба андӯзанд ва бо фазои воқеии IT аз наздик шинос шаванд.

Қадрдонии ғолибон ва омӯзгорон

Дар фарҷоми “ICT WEEK DUSHANBE 2026” ғолибони озмунҳо, омӯзгорони фаъолу беҳтарин, инчунин шарикон ва ташкилоти ҳамкор бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Маросими ҷамъбастӣ дар меҳмонхонаи “Crowne Plaza Dushanbe” дар фазои тантанавӣ баргузор ва саҳми ҷавонон, омӯзгорон ва муассисаҳои фаъол дар рушди муҳити илмӣ ва фанноварӣ махсус таъкид шуд.

Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷомеа ба илм, навоварӣ, фанноварӣ ва ихтироъкорӣ, тақвияти нуфузи соҳаи маорифи пойтахт ва ҷалби насли ҷавон ба ташаббусҳои илмӣ-маърифатӣ ва рақамӣ аҳаммияти бузург дорад.

Ин чорабинӣ дар доираи татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (2020–2040) доир шуд.

Бояд гуфт, “Ҳафтаи илм, фанноварӣ, навоварӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонон роҳандозӣ шуда, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» баргузор гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.