AD Ports Group ва Авесто Гурӯҳ дар Тоҷикистон корхонаи нави муштараки логистикӣ таъсис медиҳанд

AD Ports Group (ADX: ADPORTS), яке аз операторони пешсафи ҷаҳонӣ дар самти пешниҳоди қарорҳои маҷмуии тиҷоратӣ, саноатӣ ва логистикӣ, имрӯз аз имзои созишномаи саҳҳомӣ бо Авесто Гурӯҳ — яке аз бузургтарин ширкатҳои холдингӣ ва диверсификатсионии Тоҷикистон — хабар дод. Ҳадаф аз ин созишнома таъсиси ширкати нави муштарак мебошад, ки дар саросари кишвар хизматрасониҳои ҳамгирошудаи логистикӣ […]

Варақаи иттилоотӣ

AD Ports Group (ADX: ADPORTS), яке аз операторони пешсафи ҷаҳонӣ дар самти пешниҳоди қарорҳои маҷмуии тиҷоратӣ, саноатӣ ва логистикӣ, имрӯз аз имзои созишномаи саҳҳомӣ бо Авесто Гурӯҳ — яке аз бузургтарин ширкатҳои холдингӣ ва диверсификатсионии Тоҷикистон — хабар дод. Ҳадаф аз ин созишнома таъсиси ширкати нави муштарак мебошад, ки дар саросари кишвар хизматрасониҳои ҳамгирошудаи логистикӣ ва экспедиторӣ оид ба ташкили ҳамлу нақли борро пешниҳод хоҳад кард.

Тибқи созишномаи саҳҳомӣ, дар марҳилаи ибтидоӣ корхонаи муштарак ҳамчун экспедитор оид ба ташкили ҳамлу нақли бор тибқи модели asset-light (бе соҳибӣ ба дороиҳои моддии назаррас) фаъолият хоҳад кард. Он дорои ҳуқуқҳои истисноӣ барои консолидатсия ва идоракунии тамоми фаъолияти боркашонӣ ва логистикии ширкатҳои фаръии Авесто Гуруҳ, ҳамчунин барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба дигар мизоҷон дар бозор хоҳад буд.

Авесто Гурӯҳ зиёда аз 30 корхонаҳои калон ва истеҳсолотро дар соҳаҳои гуногун идора мекунад. Ширкат ҳамкории шарикиро бо ҳашт шарики пешсафи байналмилалӣ дар доираи корхонаҳои муштарак ба роҳ мондааст.

Тақсимоти саҳмҳо дар корхонаи муштарак чунин сурат мегирад: AD Ports Group дорои бастаи назоратӣ ба ҳаҷми 51% хоҳад буд, ва Авесто Гуруҳ бошад  — 49%-ро соҳиб мешавад. Ин шарикӣ ба таври марҳилавӣ роҳандозӣ мегардад, то рушди дарозмуддат ва густариши амалиётӣ таъмин карда шавад.

Абдулазиз Заид Ал-Шамси, директори генералии минтақавии AD Ports Group, изҳор дошт: «Ин шарикӣ марҳилаи муҳимро дар идомаи густариши мо дар Осиёи Марказӣ нишон медиҳад. Пойгоҳи рӯ ба рушди саноатии Тоҷикистон ва ҷойгиршавии стратегии он имкониятҳои назаррасро барои рушди салоҳиятҳои пешрафтаи логистикӣ, ки ҷараёнҳои савдои минтақавиро дастгирӣ мекунанд, фароҳам меоранд. Дар доираи ҳамкории мо бо Авесто Гуруҳ ният дорем қарорҳои логистикии сатҳи ҷаҳониро пешниҳод намоем, ки “Коридори Миёнаиро” тақвият дода, мавқеи моро ҳамчун оператори глобалӣ, ки рушди савдои байналмилалиро таъмин мекунад, боз ҳам қавитар мегардонад».

Муҳамад Мирзо, директори генералии Авесто Гуруҳ, қайд кард: «Ҳамчун яке аз нерӯҳои пешбарандаи калидии бахши саноатии Тоҷикистон, Авесто Гуруҳ талош дорад дастрасии маҳсулоти кишвари моро ба бозорҳои ҷаҳонӣ таъмин намояд. Шарикӣ бо чунин пешсафи ҷаҳонӣ, чун AD Ports Group, ба мо имкон медиҳад, ки экосистемаи логистикии Тоҷикистонро таҳаввул диҳем. Мо якҷо на танҳо борҳоро интиқол медиҳем — мо як заминаи стратегии муосирро эҷод мекунем, ки Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ мепайвандад ва барои тамоми минтақа иқтидори нави иқтисодиро боз мекунад».

Ин созишнома як қадами стратегӣ дар доираи талошҳои AD Ports Group ҷиҳати густариши ҳузур дар Коридори Миёнаӣ ва таҳкими пайвастагии масирҳои тиҷоратии хатти «шарқ — ғарб» ба ҳисоб меравад. Ин шарикӣ мавқеи Гурӯҳро дар Осиёи Марказӣ тақвият дода, дастрасӣ ба шабакаҳои муҳими савдои заминиро таъмин мекунад, ки Тоҷикистонро бо бозорҳои минтақавӣ мепайванданд; пас аз он масир тавассути баҳри Каспий гузашта, сипас аз тариқи Озарбойҷон ва Гурҷистон ба самти Аврупо идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.