ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
- – Имрӯз соати 17:00 намоиши “Тоҷгузори миллат ” (Шоҳ Исмоили Сомонӣ) ба саҳна гузошта мешавад. Он аз рӯи асари Бароти Абдураҳмон, Нависандаи халқии Тоҷикистон бо коргардонии Султон Усмонзода таҳия шудааст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1949 – Неругоҳи барқи обии “Варзоб-2” ба истифода дода шуд.
Соли 1961 – Дар Сталинобад (ҳоло Душанбе) Боғи ҳайвонот ба фаъолият оғоз кард.
Соли 1963 – Истгоҳи нави роҳи оҳани “Душанбе” ба истифода дода шуд.
Соли 1964 – Сохтмони қубури гази “Колхозобод-Душанбе” ба анҷом расид.
Соли 1997 – Дар Хуҷанд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон сӯиқасд сурат гирифт.
Соли 2016 – Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, ки бинои Театри драмавии русии ба номи Маяковскийро тахриб кунанд.
Соли 2019 – 84 кӯдаки тоҷик, ки волидайнашон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доштанд, тавассути парвози махсус аз Бағдод ба Душанбе оварда шуданд.
Соли 2020 – Тоҷикистон расман ошкор шудани 15 ҳолати сирояти COVID-19-ро эътироф кард. Ҳамаи бозорҳои либосфурӯшии Душанбе ба муҳлати 10 рӯз баста шуданд.
Соли 2021 – Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона 19 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1930 – Зодрӯзи Қиматшо Иматшоев, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон.

Қиматшо Иматшоев хатмкардаи Институти давлатии санъати театрию рассомии ба номи А. Н. Островский шаҳри Тошканд буда, як муддат дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. Рўдакии шаҳри Хоруғ фаъолият кардааст.
Минбаъд сарояндаи Ансамбли мусиқӣ, тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон, роҳбари бадеии хонаи маданияти ноҳияи Шаҳритус, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ будааст.
Нақши Бахтиёр дар “Нисо”, Ҳоҷиваққос дар “Арўси панҷсӯма”, Муҳоҷир дар “Сароби хунин”, Раҳимбоев дар “Ҳурият”, Анта дар “Мурдаҳои пок”, Ҷўра Содиқович дар “Тағо ва ҷиноятҳо” аз нақшҳои мондагори ӯ дар саҳнаи театр аст.
Иматшоев ҳамчунин дар чандин филмҳо нақшҳои асосиро бозидааст, аз ҷумла нақши раиси колхоз дар “Ҷўра саркор”, директори музей дар “Минтақаи парвоз”, мудири гараж дар “Роҳи сафар гуногун аст” ва ғайра.
Соли 1935 – Мавлуди Рӯзӣ Аҳмад (Рӯзиқул Аҳмадов), фолклоршиноси тоҷик, пажӯҳишгари расму ойинҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон.

Рӯзиқул Аҳмадов хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Самарқанд (1953) ва Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин мебошад.
Солҳои мухталиф корманди шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти Тоҷикистон ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1965-68), муассис ва барандаи маҳфили телевизионии эҷодиёти халқ «Чашма» (1968-73), тарҷумон (1974—1976) ва дипломат (1980—1982) дар Афғонистон, мудири шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёт (1998—2006) буд.
Натиҷаи ҷустуҷӯйҳои фолклориаш дар маҷмӯаҳои «Фолклори водии Зарафшон» ва «Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ» чоп шудаанд. Зимни фаъолият дар Афғонистон намунаҳои зиёди осори шифоҳии бадеии тоҷикони Афғонистонро низ гирд овардааст.
Доир ба ҷашни Наврӯз ва суннатҳои он (аз соли 1957) таҳқиқот анҷом додааст. Муаллифи беш аз 500 таълифот роҷеъ ба фолклор, забон ва адабиёти муосиру классик ва робитаҳои адабӣ мебошад.
Рӯзӣ Аҳмад яке аз мураттибони «Куллиёти фолклори тоҷик» буда, дар таҳияи каталоги фолклори тоҷик низ саҳм дорад. Дар таҳияи мақолаҳои марбут ба фолклори нашрияҳои «Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» ва «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» (ҷилдҳои 2, 4, 5, 6), «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (ҷилдҳои 1, 2, 3) саҳм дорад.
Номбурда 5-уми марти соли 2022 дар Душанбе вафот кард.
Соли 1949 – Зодрӯзи Қобилҷон Мансуров, физикдони тоҷик.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии мусиқии ҷаз таҷлил мегардад, ки бо қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО бо мақсади баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи нақши мусбат ва фарҳангии ҷаз ҳамчун шакли нодири санъати мусиқӣ таъсис ёфтааст.

Ҷаз — жанри мусиқии афроамерикоии ибтидоӣ буда, дар ибтидои асри XX дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба вуҷуд омадааст. Он бо озодии иҷро, импровизатсия, ритмҳои шадид ва истифодаи созҳои гуногун, аз ҷумла саксофон, труба, пианино ва контрабас шинохта мешавад.
Дар ҳамин рӯзи соли 1945 сарбозони Иттифоқи Шӯравӣ парчами Ғалабаро дар болои бинои Рейхстаг дар Берлин барафрохтанд. Парчами бардошташуда нишонаи шикасти ниҳоии фашизм гардид.

Идеяи барафрохтани парчами сурхро бар пойтахти Олмони шикастхӯрда Сталин дар ҷаласаи 6 ноябри 1944 пешниҳод карда буд.
Парчаме, ки тирборон ва бо хун олуда шуда буд, ба ёдгорӣ табдил ёфт ва барои нахустин бор 24 июни 1945 ба Майдони Сурхи Маскав оварда шуд.
30 апрел дар Ветнам Рӯзи Ғалаба (Рӯзи озодкунии Сайгон ва анҷоми ҷанги Ветнам дар соли 1975) таҷлил мешавад.

30 апрели соли 1789 дар Федерал Холли Ню-Йорк маросими савгандёдкунии нахустин Президенти ИМА баргузор гардид.

Ин мансабро фармондеҳи Артиши Континенталии Амрико Ҷорҷ Вашингтон ишғол кард.
Аз соли 2017 ҳамасола 30 апрел Рӯзи байналмилалии шамъсозон таҷлил мегардад.
Мақсади ин рӯз муттаҳид сохтани шамъсозони ҷаҳон, рушди дӯстӣ байни онҳо ва таблиғи касби шамъсозист.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 27+32º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 20+25º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ пешгӯӣмешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 18+23º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 29+31º гарм, шабона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 29+31º гарм, шабона 18+20º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 10+12º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 30-юми апрел ба 1-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.



