Пешгӯии обуҳавои ноустувор дар қаламрави Тоҷикистон

Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки обуҳавои ноустувор дар қаламрави Тоҷикистон то 15 март боқӣ мемонад. Тавре қайд мешавад, рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар баландии беш аз 2 ҳазор метр барф дар назар аст. Ҳамчунин зикр мегардад, ки бар асари боришоти зиёд дар дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳои доманаи қаторкӯҳи […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки обуҳавои ноустувор дар қаламрави Тоҷикистон то 15 март боқӣ мемонад.

Тавре қайд мешавад, рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ боридани борон ва дар баландии беш аз 2 ҳазор метр барф дар назар аст.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки бар асари боришоти зиёд дар дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳои доманаи қаторкӯҳи Хисор болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ боридани борону барф ва хатари селфароӣ вуҷуд дорад.

Суръати вазиши шамол 3-9 метр дар як сонияро ташкил дода, ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳарорати -4+1 ва рӯзона +2+7 дар назар дошта шудааст.

Дар Душанбе ҳаво абрнок ва борон борида, ҳарорат шабона 4-6 дараҷа ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.