Гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон бори нахуст дар намоишгоҳи MITT

Дар Маҷмааи намоишгоҳҳои «Экспоцентр»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 25-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» ифтитоҳ гардида, то санаи 15 марти соли ҷорӣ давом мекунад. Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин намоишгоҳ бори нахуст гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуда, онро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ […]

Иттилоияи расмӣ

Дар Маҷмааи намоишгоҳҳои «Экспоцентр»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 25-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT» ифтитоҳ гардида, то санаи 15 марти соли ҷорӣ давом мекунад.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин намоишгоҳ бори нахуст гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуда, онро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва осоишгоҳҳо зери шиори «Хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – кишвари куҳҳои баланд ва дилҳои нарм» таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ муаррифӣ менамоянд.

Дар намоишгоҳ имкониятҳои васеи сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардию шикор ба иштирокчиён муаррифӣ карда мешавад.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Москва «MITT» яке аз панҷ намоишгоҳҳои бузурги сайёҳӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар он ҳамасола аз 200 минтақаву кишварҳои ҷаҳон зиёда аз 2000 ширкатҳои алоқаманд ба соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои худро пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат менамоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.