Барои ихтилоф сабабе надорем. Мо бародаронем…

Беҳбуди ҷиддии муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бешак рӯйдоди муҳим барои мардуми ҳарду кишвар аст. Ифтитоҳи гузаргоҳҳо дар сарҳад, хатсайрҳои навӣ ҳавоӣ, нақлиёти заминӣ ва роҳи оҳан, ҳалли ниҳоии масъалаи аломатгузорӣ дар сарҳад ва аз ҳама муҳимаш равуои бераводид ба қаламрави ҳамдигар барои шаҳрвандон қисмате аз қарордодҳое мебошанд, ки дар ҷараёни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев […]

Asia-Plus

Беҳбуди ҷиддии муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон бешак рӯйдоди муҳим барои мардуми ҳарду кишвар аст.

Ифтитоҳи гузаргоҳҳо дар сарҳад, хатсайрҳои навӣ ҳавоӣ, нақлиёти заминӣ ва роҳи оҳан, ҳалли ниҳоии масъалаи аломатгузорӣ дар сарҳад ва аз ҳама муҳимаш равуои бераводид ба қаламрави ҳамдигар барои шаҳрвандон қисмате аз қарордодҳое мебошанд, ки дар ҷараёни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба даст омаданд.

Ояндаи наздик натиҷаи ин қарордодҳо дар ҳаёт татбиқ шуда, ба кишварҳои ҳамсоя баҳри беҳбуди некӯаҳволии мардуми тоҷику ӯзбек шароити мусоид фароҳам меорад.

Албатта, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар муҳоҷират қарор доранд, аз ин рӯйдод хеле хушнуданд.

Шабакаи TAJLIFE дар шаҳри Санкт-Петербург назарсанҷӣ гузаронида, аз шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон назарашонро дар ин бора пурсид. Назари онҳо ба беҳбуди муносибатҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна аст?

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.