“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

Меҳрангез Султонзода, Шаҳноза Мустафоқулова, asia+

Пулиси Душанбе кори ин кирокашҳоро ғайриқонунӣ гуфта, таъкид кардааст, ки онҳо боиси тамбашавии ҳаракат дар роҳ мешаванд.

Мо аз сокинони пойтахт дар бораи фаъолияти кирокашҳои “10 – сомонӣ” ва тасмими мақомоти кишвар пурсидем.

Аксари сокинон гуфтанд, ки “беҳтар аст ин кирокашҳо фаъолият кунанд, чун барои мардум дастрас ва мусоид аст”.

Аз миёни даҳҳо нафаре, ки бо мо суҳбат карданд, як нафаре ҳам аз тасмими мақомот ҷонибдорӣ кард ва гуфт, “беҳтар аст, ин навъ кирокашҳо кор накунанд”, аммо ӯ нахост ин андешаи худро дар назди дурбин бигӯяд.

Сокинони пойтахт дар бораи кирокашҳои “10 – сомонӣ” боз чӣ гуфтанд? Дар навори мо тамошо кунед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.