ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 11:00 дар Тетари давлатии лӯхтак дар шаҳри Душанбе намоиши ҷашнии “Наврӯзи аҷам” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши билет барои вуруд 25 сомона буда, аз сомонаи ticketon метавон дастрас кард.
– Имрӯз низ дар Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии шомгоҳӣ ташкил карда мешавад. Ин хатсайр соати 19:00 аз назди Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз мешавад. Дар идома мусофирон имкон доранд бо мавзеъҳои гуногуни пойтахт, аз ҷумла, марказҳои фарҳангӣ ва гӯшаҳои сайёҳии он шинос шаванд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2012 – Дар вилояти Суғд нисбати 34 нафар, ки ба Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон (гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) алоқаманд буданд, ҳукм содир шуд. Додгоҳ аъзои гурӯҳро аз 8 то 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Соли 2016 – Дар Тоҷикистон хати махсуси телефонӣ таҳти рақами 19-19 барои тамос бо тамоми шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2017 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб гардид.
Соли 2017 – “Феҳристи номҳои миллӣ” нашр гардид, ки номҳои иҷозашударо барои номгузории кӯдакон муайян мекунад.
Соли 2018 – Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ” тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он “Фонди Пешвои миллат” таъсис ёфт. Ин фонд бо мақсади дастгирии барномаҳои иҷтимоии кишвар ва дастгирии лоиҳаҳои муҳим таъсис ёфта буд.
Соли 2018 – Парлумони Тоҷикистон шартномаи таъйини баъзе қитъаҳои сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро якдилона тасдиқ кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1948 – Мавлуди Давлатҷон Муқимов, сарояндаи тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон.
Соли 1950 – Зодрӯзи Дӯстмурод Алиев, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Дӯстмурод Алиев хатмкардаи Институти давлатии санъати Тоҷикистон буда, аз соли 1975 то охири умр роҳбари бадеии дастаи ҳунарии Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод будааст.
Дӯстмурод Алиев муаллифи зиёда аз 60 суруду тарона аст. Асоси эҷоди ӯро мавзӯъҳои васфи ватану меҳнат ва тараннуми муҳаббати поки инсонӣ ташкил медиҳанд.
Дӯстмурод Алиев дар айни камолоти ҳунарӣ 19 апрели соли 1989 дар синни 39-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт.
Пиромуни рӯзгору эҷоди Дӯстмурод Алиев дар матлаби “Бимон ман мираму ту ҷовидон бошӣ…” Ёде аз овозхон Дӯстмурод Алиев мутолиа кунед.
Соли 1961 – Ғуломҳайдар Ғуломалиев, оҳангсоз ва навозандаи тоҷик дар синни 56-солагӣ аз олам даргузашт.

Ғуломҳайдар Ғуломалиев соли 1933 дар ноҳияи Рӯшон дастаи ҳаваскорони санъатро ташкил намудааст. Ӯ як муддат овозхони Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон буда, баъдан то охири умр роҳбари ҳамин ансамбл будааст.
Ғуломалиев ҳамчун хореограф ва оҳангсоз дар ривоҷу равнақи санъати миллии тоҷик ҳиссаи босазое гузоштааст. Маъруфтарин оҳангҳои эҷодкардаи ӯ “Нола кунам”, “Салом аз Бадахшон”, “Маҳбуба”, “Ба деҳа”, “Баҳори Бадахшон” мебошанд. Гурминҷ Завқибеков, Нуқра Раҳматова, Савсан Бандишоева ва чанд тани дигарон шогирдони ӯянд.
Соли 1962 – Зодрӯзи Зайналобуддин Кобулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор.

Ӯ солҳои 2003—2004 муовини ректор дар умури таълим ва тарбияи Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон (баъдан бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ як карда шуд) буд. Солҳои 2005—2006 дар вазифаи директори Китобхонаи давлатии патентию зеҳнии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар ҳамин солҳо рисолаи докторияшро ҳам дифоъ мекунад.
Соли 2007 вазифаи декани факултаи сохтмону меъмории Донишгоҳи техникоро дошт ва солҳои 2007—2009 роҳбарии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи обтаъминкунӣ»-и шаҳри Душанбе буд.
Соли 2009 директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тайин карданд, ки то соли 2020 дар ин мақом кор кард Баъдан то лаҳзаҳои охири умр мудири Озмоишгоҳи захираҳои об ва равандҳои гидрофизикии пажӯҳишгоҳи мазкур буд.
Кобулӣ аз зумраи яке аз коршиносони варзидаи Тоҷикистон дар масъалаҳои обу экология дониста мешуд. Ӯ доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.
Зайналобуддин Кобулӣ 20 феврали соли 2022 бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе, дар 60-солагӣ даргузашт.
Соли 1966-Зодрӯзи Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва номзади илмҳои ҳуқуқ, муовини зиндонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон.

Соли 1990 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм намудааст. Зинаи аспирантураро дар Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АМИТ хондааст (1998-2002). Чанд сол мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байнулмилалии Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон буд. Муаллифи зиёда аз 120 таълифоти илмӣ ва илмӣ-методӣ аст.
Бо ин вуҷуд, борҳо аз он шикоят кардааст, ки бо доштани таҷриба ва дониш, ба хотири мавқеи сиёсиаш дар ҳеч донишгоҳ ба кор пазируфта намешавад.
Ӯ фаъолияти назарраси сиёсӣ ҳам дошт ва солҳо боз муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мебошад. Дар интихоботҳои солҳои 2010 ва 2015 аз ҳавзаи Конибодом номзад ба Маҷлиси намояндагон буд. Соли 2010 тавонист интихоботро ба даври дувум кашонад, аммо Кумитаи марказии интихобот Насрулло Маҳмудзода, номзад аз Ҳизби ҳокими халқии демократиро баранда эълом кард.
Шокирҷон Ҳакимов ҳамзамон, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки дар робита ба масоили гуногун назару андешаҳои худро ҳаддиақал то 6 ссол пеш иброз медошт. Ҳоло дар зиндон аст.
Мақомот дар доираи “парвандаи табадуллот” ӯро боздошт ва бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ 18 сол равонаи зиндон карданд. Худаш ва наздиконаш ҳеҷ гоҳ иттиҳомро напазируфтаанд ва таъкид мекунанд, ки ӯ барои изҳори назарҳояш маҳкум шуд.
Соли 1970– Зодрӯзи Манижа Қурбонова, рӯзноманигори тоҷик.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
19 апрели соли 1943 дар геттои Варшава (Лаҳистон) шӯриши мусаллаҳонае аз ҷониби маҳбусони яҳудӣ оғоз ёфт, ки бар зидди неруҳои фашистии Олмон нигаронида шуда буд. Ин шӯриш нахустин ва бузургтарин шӯриши мусаллаҳонаи яҳудиён дар давраи Ҳолокост ба ҳисоб меравад. Яҳудиён бо силоҳҳои кам, аммо иродаи қавӣ, дар муҳосира ва зери ҳамлаи артиши Олмон то 16 майи соли 1943 муқовимат карданд. Пас аз саркӯб кардани шӯриш, фашистон гетторо пурра нобуд карданд ва зиндамондагонро ба лагерҳои консентратсионӣ, асосан ба Треблинка, фиристоданд.

19 апрели соли 1970 аввалин мошини ВАЗ-2101 (Заводи автомобилбарории Волжск) аз хати истеҳсолӣ дар шаҳри Толятти (СССР) баромад. Номи ғайрирасмии он дар байни мардум “копейка” буд, зеро рақами “01” онро ба тангаи 1 копейка шабеҳ мекард. Он яке аз мошинҳои боэътимод, устувор ва оммавии давраи худ ба ҳисоб мерафт.

Мошин аз соли 1970 то 1984 истеҳсол мешуд ва дар маҷмӯъ беш аз 2,7 миллион адад истеҳсол шудааст.
19 апрел ҳамасола дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи гули бойчечак ҷашн гирифта мешавад. Ганчанде ин ҷашн дар ҷадвалҳои расмии рӯзҳои байналмилалӣ сабт нашудааст, дар бархе кишварҳои Аврупо, махсусан Британияи Кабир ва Олмон, гули барфӣ ҳамчун рамзи оғози баҳор қадрдонӣ мешавад. Ин гул дар баъзе фарҳангҳо рамзи баҳор дониста мешавад.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида гардуу ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 4+9º гарм, дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 4+6º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 19 ба 20-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.


