18 апрел ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана аз тарафи Шӯрои байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеҳои таърихӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Ҳадаф аз ин ҷашн ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси фарҳангии башарият аст.
“Азия-Плюс” бахшида ба ин рӯз дар бораи чанд ёдгории таърихии Тоҷикистон маълумот ҷамъ овард.
“Аҷинатеппа” ва ёдгории беназири он
Боқимондаҳои дайри “Аҷинатеппа” бо бозёфти муҷассамаи бузурги “Буддо дар нирвана”, яъне Буддои хобида маъруф аст. Ин харобаҳои маъбад дар ноҳияи Вахш ҷойгир аст, вале муҷассама дар Осорхонаи бостоншиносӣ ҳифз мешавад.
Тибқи маълумоти манбаҳо, ин муҷассамаро сокинони маҳал пайдо кардаанд ва баъдан, он аз сӯйи олимон таҳқиқ шудааст.
Дар таҳқиқоти солҳои 1961-73 ошкор шуд, ки “Аҷинатеппа” бо андозаи 100×50 метр ҳамчун маркази динӣ барои роҳибони буддоӣ хизмат кардааст. “Буддои хобида” бошад, дар соли 1966 кашф карда шуд ва он тақрибан 1 ҳазору 500 сола буда, дарозиаш қариб ба 13 метр мерасад.

Аз ин мавзеъ муҷассамаҳои хурди аз гил сохташудаи Буддои нишаста, тасвирҳои иблис, роҳиб, обидони пайрав, сафолу ашёҳои шишагӣ ва сиккаҳо низ пайдо шудааст. Бостоншиносон тахмин мекунанд, ки “Аҷинатеппа” сад сол мавриди истифода буда, дар давраи истилои арабҳо хароб шудааст.
Бояд гуфт, баъд аз нобуд кардани Буддоҳои бузургҷусса дар соли 2001 дар Бомиёни Афғонистон, Буддои дар ҳолати нирвана пайдошудаи Тоҷикистон дар минтақаҳои наздик ба Осиёи Миёна беназиру калонтарин аст.
Табари биринҷии Саразм
Як табар сабаб шуда буд, ки корҳои кашфи Саразм оғоз ёбад. Тирамоҳи соли 1976 деҳқон Ашӯралӣ Тайлонов, бо исрори духтари ҳафтсолааш ба тамошои осорхонаи Панҷакент омада, он ҷо нусхаи табаре, ки охири асри XIX пайдо шудааст, мебинад.
Тайлонов ба кормандони осорхона мегӯяд, ки ӯ низ чунин табарро ҳангоми шудгори замин ёфтааст. Баъд аз муоинаи бостоншиносон маълум шудааст, ки ин табар ба асри биринҷӣ тааллуқ дорад ва ҳамин тавр, таҳқиқи шаҳраки Саразм шуруъ шудааст.
Саразм қадимтарин ёдгории давраи энеолит буда, дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар баландии 910 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.
Кашфиёти археологӣ дар ин мавзеъ нишон медиҳанд, ки дар шаҳр коргоҳҳои металлургӣ, заргарӣ ва қолибофӣ фаъолият мекардаанд. Ба таъкиди бостоншиносон, мардуми Саразм ба воситаи омехтани мис бо қалъагӣ метали биринҷии асилро кашф карда, аз он корду ханҷар, табару теша ва сарсӯзани найза месохтанд.

Ҳамчунин ҷасади “Маликаи Саразм” ва ҷавоҳироти ӯ, нодиртарин бозёфти ин мавзеъ дар соли 1983 аст. Ҳангоми ҳафриёт дар баробари дигар ёдгориҳои таърихӣ 150 намуд ашёҳои биринҷӣ низ бозёфт шудааст.
Саразм нахустин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки дар соли 2010 дар сессияи 34-уми ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ шомил шуд ва он таърихи беш аз 5 ҳазору 500-сола дорад.
Қалъаи Ямчун – маркази мудофиа
Қалъаи Ямчун яке аз калонтарин макони таърихии кишвар буда, дар ЮНЕСКО ба унвони “Ёдгориҳои роҳи Абрешим” сабт шудааст. Қалъа дар қисмати шарқию шимолии ноҳияи Ишкошим воқеъ аст. Ин қалъа дар маконе сохта шудааст, ки аз ду тарафаш дарёҳои Вичкут ва Ямчун ҷорӣ аст.
Таҳқиқоти илмии қалъа аз асри XIX оғоз ёфтааст. Қалъаи Ямчун ба ақидаи пажӯҳишгарон, қаблан секунҷашакл буда, аз диж ва ду майдони амалиёти муҳофизатӣ иборат будааст. Ин тарҳ нишон медиҳад, ки бинокорон дониши баланди ҳарбӣ ва муҳандисӣ доштаанд.

Қалъаи Ямчун ба асрҳои III–VI пеш аз милод мансуб аст. Он дар давраи худ ҳамчун маркази мудофиавӣ барои масири савдои Роҳи Абрешим, аз ҷумла тоҷирони сулолаи Кушониён ва таҳдиди ҳамлаи ҳамсояҳо бунёд шудааст. Қалъа инчунин ба савдогарон имкони назорати ҳаракати молҳо аз Помир ба Бохтари Қадим, Ҳиндустон ва Эронро медод.
Қаблан дар натиҷаи таҳқиқот дар утоқҳои шоҳонаи қалъа як толори бузурги андозааш 10х10 кашф шудааст. Дар қисми поёни меъморӣ якчанд қабристон, ки ба давраи пеш аз милод тааллуқ доранд, пайдо гардидааст.
Бояд гуфт, Қалъаи Ямчун таърихи беш аз 2000 сола дорад.
Тахти Сангин ва ҷавоҳири аздастрафта
Ин шаҳр дар соҳили рости рӯди Ому ва дар ноҳияи Қубодиён ҷойгир аст. Тахти сангин яке аз нуҳ нуқтаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон мебошад.
Ин мавзеи таърихӣ дар давраи Ҳахоманишиён ҳамчун маркази тиҷоратӣ ва динӣ рушд карда, маъбади боҳашамати зардуштӣ дошт. Ин маконро бо воқеаи “Хазинаи Амударё” низ ёд мекунанд.
Ба навиштаи манбаҳо, оташпарастон маҷмӯи ҷавоҳирро ҳамчун инъом ба маъбади дарёи Ому пешкаш кардаанд. Пас аз гузашти асрҳо, дар соли 1877 тоҷирони бухороӣ 1300 номгӯи пайдошудаи ин ҷавоҳирро аз сокинони маҳаллӣ харидорӣ карда, дар Ҳиндустон бо маблағи бештар фурӯхтаанд. Қисми зиёди ҷавоҳирро мансабдорони британияӣ ба даст овардаанд ва ҳоло дар осорхонаи миллии Британия Кабир нигаҳдорӣ мешавад.

Ёдгории “Тахти Сангин” 8 гектар масоҳат дошта, аз санг сохта шудани девору роҳравҳо ва сутунҳо, сабаби чунин ном гирифтани шаҳрак мебошад. Зимни санҷишҳои пажӯҳишгарон маълум шудааст, ки маъбадҳои пайдошудаи “Тахти Сангин” ба оташхонаи зардуштӣ, ибодатхонаи буддоӣ ва пайравони бисёрхудоӣ тааллуқ дорад.
Намуди “Тахти Сангин” росткунҷа аст ва намунаҳои зиёди девор, появу такягоҳҳо сангин ва тоқчаҳоро дар бар дорад. Дар ин мавзеъ ба ҳадди комил корҳои бостоншиносӣ ба анҷом нарасидааст.
Манораи Варз – нуқтаи пайғому истеҳком
Манораи Варз боқимондаи намунаи меъмории асри XI-XII буда, дар ноҳияи Айнӣ қарор дорад. Баландии манора 13 метр аст ва сарфи назар аз барфу борон пойбарҷост.
Ба нақли муаррихон, дар замони худ бо фармони ҳокими Ҳиндустон, дар кӯҳистони Зарафшон ҳафт манора бунёд шудааст, ки яке аз онҳо Манораи Варз аст. Манора дар баробари даъватгоҳи муаззин будан, ҳамчун истеҳкоми ҳарбӣ ва пайғомрасони лаҳзаҳои ногувор бо дуду оташ низ истифода мешудааст.

Ин ёдгорӣ аз гил сохта шудааст ва дохили худ зинапояи чӯбини печидашакл дорад, ки ба гулӯгоҳи манора мебарад. Дар қисмати болоии он меъмории нотакрорро дидан мумкин аст.
Манора дар назди худ масҷиди таърихӣ дорад, ки давраи шӯравӣ ба идораи почта табдил ёфт, сипас ба китобхона. То чанд қарн пеш масоҳати масҷиду манора васеъ будааст, аммо имрӯз аз саҳни таърихии он асаре намондааст.
Манораи Варз барои нигаҳдорӣ аз барфу борон бо василаҳои муҳофизатӣ иҳота карда шудааст.


