Куштор дар“Кабири Хуҷанд”. Гумонбаре, ки пулис меҷуст, дастгир шудааст

Баҳс сари кор ва шароити он будааст.

Як гумонбар ба кушторе, ки пулис дар вилояти Суғд бо нашри аксаш дар кӯчаву хиёбонҳо бо иттиҳоми куштор ҷустуҷӯ мекард, дастгир шудааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ҳодиса рӯзи 8-уми апрел дар коргоҳи “Кабири Хуҷанд”, дар маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд рух додааст.

Ба қавли масъулини мақомоти корҳои дохилӣ гумонбар Алишер Ҷӯраев, сокини 30-солаи шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон ҳамкораш Иқбол Носирови 40-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо зарби корд ба ҳалокат расонидааст.

Гуфта мешавад, миёни гумонбар ва Иқбол Носиров, ки роҳбари сех будааст, барои ба ҷойи кори хуб ва беҳтар таъмин намудан муноқиша мешавад ва он он куштор поён меёбад.

Тибқи иттилои мақомот, гумонбар баъди содир кардани ҷиноят аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Дар пайи ин, пулис барои зудтар пайдо кардани ӯ, акси гумонбарро дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр насб карда, аз сокинон кумак хоста буд.

Дирӯз, 17-уми апрел аз Раёсати ВКД дар Суғд тасдиқ карданд, ки гумонбар боздошт шудааст. Аммо бо баҳонаи халал нарасонидан ба тафтишот, нагуфтанд, ки ӯ кай ва дар чӣ шароит боздошт шудааст.

Нисбати гумонбар Алишер Ҷӯраев тибқи қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома доштааст. Ҳамчунин, барои фирор ва пинҳон шудан ҳам метавонад муҷозот шавад.

Назари гумонбар ва наздикони ӯ ба қазия маълум нест. Ҳамчунин номаълум аст, ки ӯ бо вакили дифоъ таъмин аст ё не.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.