Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Пас аз бекор гардидани маҳдудият ба содироти картошка, Қазоқистон содирот ба хориҷаро якбора зиёд кард, ки яке аз самтҳои калидӣ Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии “lsm.kz” хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки дар моҳҳои январ-феврали соли 2026 аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 16,7 ҳазор тонна картошка интиқол дода шудааст, ки нисбат ба як соли пеш (64,9 тонна) 257 баробар зиёд мебошад.

Ба иттилои ин сомона, дар ду моҳи соли 2026, ҳаҷми содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 141 ҳазор тонна расида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 8 баробар зиёд шудааст. Харидори асосии ин навъи маҳсулот, Ӯзбекистон (124,6 ҳазор тонна) боқӣ монда, Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми харид ба зинаи дуюм баромад.

“Аз рӯи натиҷаҳои соли 2025 Тоҷикистон ба маблағи умумии 13,1 млн доллар ҳудуди 77,5 ҳазор тонна картошка ворид кард. Ҳамин тариқ, танҳо дар зарфи 2 моҳи соли 2026 Қазоқистон, аллакай ҳудуди 21-22%-и ҳаҷми солонаи воридоти ин кишварро таъмин кард”, – навиштаанд муаллифони мавод.

Коршиносон афзоиши содиротро ба барқарор гардидани тиҷорат дар воридот ва талаботи баланд ба маҳсулоти Қазоқистон шарҳ медиҳанд. Ба таъкиди онҳо, агар чунин суръат боқӣ монад, Қазоқистон метавонад мавқеи худро миёни таҳвилгарони маҳсулот ба бозори картошкаи Тоҷикистон мустаҳкам кунад.

Дар ҳамин ҳол, дар бозори дохилии Қазоқистон поинравии нархи картошка оғоз шудааст. Моҳи март 1 кг картошка ба ҳисоби миёна 216 танга (4,37 сомонӣ тибқи қурби ҳозира) нарх дошт, ки 7,3% поинтар аз соли пешин аст, ҳарчанд аз оғози сол нархҳо ба андозаи 6,4% боло рафтанд.

Дар Тоҷикистон нархи картошка дар моҳи апрели соли 2026 дар муқоиса бо моҳи март 1,5% ва бо оғози сол 3,8% зиёд шудааст. Ҳоло 1 кг картошка дар бозорҳои кишвар бо нархи ҳудуди 5,5-7 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.