Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Нархи маҳсулоти истеъмолӣ (нархҳои истеъмолӣ) дар бозорҳои Тоҷикистон дар моҳи март 0,4% боло рафтааст. Аз ҷумла, маҳсулоти хӯрокворӣ 0,5%, ғайриозуқа 0,2% ва хидматрасониҳо 0,6% зиёд шудааст. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ, болоравии нархҳои истеъмолӣ аз оғози сол (январ-март) 1,2%-ро ташкил додааст. Маҳсулоти хӯрока 1,6% боло рафта, нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар сатҳи аввали сол боқӣ мондааст ва арзиши хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 3,4% афзудааст.

“Арзиши маҳсулоти хӯрока дар моҳи марти соли ҷорӣ ба андозаи 0,5% боло рафтааст. Бештар аз меваҳо (ба ҳисоби миёна 5,8%), себ 19,7% ва аз сабзавот карам 4%, пиёз – 3,2% ва инчунин шакар ба андозаи 2,7% қиммат шудааст”, – гуфтааст Оҷонсии омор.

Дар ҳамин ҳол, биринҷ (ба андозаи 2,1%), сабзӣ (1,3%), тухм (1,1%), гӯшти гов (0,8%) ва гӯшти гӯсфанд (0,6%) арзон шудаааст.

Аз оғози сол аз ҳама бештар мева (12,1%), сабзавот (4,3%) равған ва чарбу (2,2%), орд ва нӯшокиҳои ғайрисиртӣ (1,5%) гарон шудаасат. Сабзӣ (4,1%), тухм (3,1%), биринҷ (6%) ва дигар маҳсулот ба миқдори начандон назаррас арзон шуданд.

Афзоиши нархҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ

Нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа дар моҳи марти соли 2026 ба андозаи 0,2% боло рафтанд. Сабаб ин гароншавии молҳои маишӣ (0,8%), масолеҳи сохтмон (0,6%), бензин (0,5%) ва сарулибосу пойафзол (0,1%) марбут мебошад.

Дар ҳамин ҳол, нархҳои маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ (2,3%), гази моеъ (4,7%) ва сӯзишвории дизелӣ (0,4%) поин рафтааст.

Бояд гуфт, ки аз оғози сол, маҳсулоти ғайриозуқа асосан бар асари болоравии нарх ба гази моеъ (9,2%), мебел ва молҳои маишӣ (0,8%), инчунин сарулибосу пойафзол (0,3%) гарон шуданд. Аммо нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ мутаносибан ба андозаи 5,6% ва 9,5% поин рафтанд.

Хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар моҳи марти соли равон ба андозаи 0,6% “асосан бар асари гароншавии хидматрасониҳои манзилию коммуналӣ (0,8%) ва хидматрасонии маишӣ (0,3%)” гарон шуданд.

Аз оғози сол нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% асосан дар натиҷаи гароншавии ҳамлу нақли ҳавоӣ (аз ҷумла билетҳои ҳавопаймоӣ бо хатсайри Душанбе – Маскав ба андозаи 2,1%) боло рафтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.