Ифтитоҳи мактабу корхона ва ширкат дар ҷашни Наврӯз дар Мастчоҳ. Рӯзи дуввуми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафараш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ чанд мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳои истеҳсолиро ифтитоҳ карда,  дар ҷашни Наврӯз ширкат ва суханронӣ кардааст. Тибқи иттилои расмӣ, чорабинии наврӯзӣ шоми 30-юми март дар варзишгоҳи марказии Мастчоҳ баргузор гардид ва дар он Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии соли нави […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафараш ба вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ чанд мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳои истеҳсолиро ифтитоҳ карда,  дар ҷашни Наврӯз ширкат ва суханронӣ кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, чорабинии наврӯзӣ шоми 30-юми март дар варзишгоҳи марказии Мастчоҳ баргузор гардид ва дар он Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии соли нави аҷдодӣ – Наврӯз табрик гуфт.

Ӯ зимни суханрониаш гуфт, дирӯз дар ин ноҳия 13 муассисаи нави таълимӣ, беморхонаи марказӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти дигар ифтитоҳ шудааст. 

“Танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 38 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар афзоиш ёфтааст”,-гуфтааст раисҷумҳур.

Пас аз суханронии ӯ, бо ширкати ҳунармандон барномаи фарҳангӣ сурат гирифтааст.

Дар Мастчоҳ кадом иншоот ифтитоҳ шуд?

Аз ҷумла, дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён кӯдакистони “Суғдиён” ифтитоҳ гардидааст, ки барои тарбияи беш аз 300 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Дар ин ҷо 30 парастор бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Кӯдакистон дорои 15 ҳуҷра ва 10 гурӯҳ буда, дар он ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, мусаввирӣ, машғулиятҳои амаливу зеҳнӣ сохта шудааст.

Раисҷумҳур ба таври фосилавӣ дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави кӯдакистони №5, ки барои тарбияи 480 кӯдак пешбинӣ гардида дар се ошёна бунёд шудааст, ба истифода додааст.

Дар шаҳраки Бӯстон бинои иловагии кӯдакистони давлатии №1, ки 180 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудааст, ифтитоҳ шудааст. Бино дорои 6 ҳуҷраи машғулият ва толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон будааст.

Бо ҳузури раисҷумҳур, дар Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014, ки бо саҳми соҳибкорон бунёд шудааст, ба кор оғоз кардааст.

Сохтмони корхона соли 2024 оғоз шуда, дар муддати 1 солу 8 моҳ сохта шудааст. Дафтари матбуоти раисҷумҳур навиштааст, корхонаи навбунёд иқтидори дар як шабонарӯз истеҳсоли 80 ҳазор дона хишти пухтаро дорад.

“Аз рӯи ин иқтидор дар корхона дар як сол зиёда аз 24 млн. дона хишти сохтмонӣ истеҳсол карда мешавад”,-навиштааст манбаъ.

Дар идома дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мастчоҳ бинои мактаби №46, ки бо саҳми сокинони 4 деҳаи  деҳоти Палдораки ин ноҳия бунёд шудааст ба истифода дода шудааст.

Мактаб барои таҳсили 800 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 15 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, китобхона ва толору майдони варзишӣ будааст.

Ҳамчунин бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ мактаби №14, ки 1000 хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд, ифтитоҳ шудааст.

Дар ҷараёни сафари раисҷумҳур ба таври фосилавӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолӣ, ки бо саҳми соҳибкорон бунёд шудааст, ба кор оғоз кардаанд.

Яке аз ин корхонаҳо, коргоҳи забҳ ва бастубанди гӯшти паррандаи Ҷумъабой Мирзо бо иқтидори 5-6 ҳазор сар паранда дар як шабонарӯз будааст, ки дар ҳудуди деҳоти Палдорак дар масоҳати 2 гектар  замин бунёд шудааст.

Коргоҳи парандапарварии Илёс, ки иқтидори истеҳсоли 500 тонна гўшти паранда дар як солро доштааст, низ ба кор оғоз кардааст. Ин корхона дар ҳудуди шаҳраки Бӯстон бунёд гардида, дорои ду бинои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон будааст.

Корхонаи дигар, ки низ коргоҳи парандапарварӣ будааст ва иқтидори истеҳсоли 400 тонна гӯшти паранда дар як солро доштааст дар деҳоти Оббурдон ба истифода дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии “Мирхонд” оғоз бахшида бо раванди корҳои кишоварзӣ аз наздик шинос шудааст.

Дирӯз дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҳузури раисҷумҳур бинои нави Беморхонаи марказӣ ба истифода дода шудааст, ки дар 4 – ошёна бунёд шудааст.

Беморхона 200 кат барои табобати беморон дошта, дорои 8 шуъбаи асосии тиббӣ аз ҷумла, шуъбаи қабул, таваллуд, бемориҳои занона, ҷарроҳии калонсолон, кӯдакона, урологӣ, инчунин шуъбаи эҳё ва наҷот будааст.

Корҳои сохтмони ин беморзхона дар соли 2023 оғоз шуда, дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Бӯстон сохта шудааст. Дар ин ҷо 250 мутахассис бо кор таъмин шудаанд.

Бояд гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, рӯзи 29-уми март оғоз шуда то имрӯз, 31-уми март идома мекунад. Раисҷумҳур дар рӯзи аввали сафараш дар ин шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як қатор иншооти маскуниву фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатиро ба истифода дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.