Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як зани 44-сола аз ноҳияи Айниро бо гумони ба худкушӣ расонидани келинаш боздошт кардааст.

Ин ниҳод рӯзи 23-юми апрел навиштааст, ки ин хушдоман аз моҳи декабри соли 2023 то кунун нисбати келини 21-солааш муомилаи бераҳмона анҷом дода, “мунтазами шаъну эътиборашро паст задааст”.

Ба гуфтаи манбаъ, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, аввали моҳи апрели соли ҷорӣ, дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Дар ҳоле ки назари гумонбар маълум нест, мақомот алайҳаш бо гумони ба худкушӣ расонидан (қисми 2 моддаи 109 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин иттиҳом аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Баҳси муносибати келину хушдоман солҳост дар Тоҷикистон доғ аст. Иддае даъво доранд, ки аксари хушдоманҳо бо келинҳои худ муносибати ношоистаро раво мебинанд ва онҳоро чун хизматгор истифода мебаранд. Гурӯҳи дигар ба он андешаанд, ки муносибати келину хушдоман ин масъалаи оилавӣ буда, набояд ба баҳси оммавӣ кашида шавад.

Вале дар гузашта мақомот чанд хушдоманро барои ба худкӯшӣ расонидани келинҳояшон ба солҳои дароз зиндонӣ карда буданд. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Деваштич як занро барои тамаъҷӯӣ ва ба худкушӣ расонидани келини хонадон 5 сол равонаи зиндон карда буд.

Ҳамчунин, моҳи майи соли 2023 баъди чанд соли баҳсу баррасӣ, Додгоҳи олӣ хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ як наварӯс дар ноҳияи Файзободро барои хадкӯши расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон кард. Ин аз камтарин қазияи пурмаҷаро дар робита ба худкӯшӣ расонидани келин аз сӯи хушдоман буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон ба маблағи қариб 10 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт

Ба ҷумҳурӣ бештар аз ИМА, ЧИН ва Ҷумҳурии Корея кумак фиристода шуд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 7

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия содироти маводи сӯхти ҳавопаймоҳоро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Ҳукумат аллакай, барои хариди ин навъи сӯзишворӣ ҷойгузин меҷӯяд, ки ин пеш аз ҳама Эрон аст.

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.