Таҳримҳо бекор шуданд: “Душанбе Сити Бонк” амалиёти байнулмилалиро барқарор мекунад

Бекор шудани маҳдудиятҳо имкониятҳои бештарро фароҳам меорад.

Маводи шарикон

Пас аз қарори Шӯрои Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз 23-юми апрели соли 2026, “Душанбе Сити Бонк” расман аз рӯйхати таҳрими Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд. Ин маънои онро дорад, ки маҳдудиятҳои аз моҳи ноябри соли 2025 амалкунанда пурра бекор шуда, бонк ба фаъолияти мукаммали байнулмилалӣ бармегардад.  

Барои мизоҷон чӣ тағйир ёфт

Бекор гардидани маҳдудиятҳо мустақиман ҷиҳати дастрасӣ ба хадамоти калидии зерини бонкӣ таъсир мерасонад:

– интиқолҳои байнулмилалӣ тариқи низоми SWIFT боз дастрас шуданд;
– кор бо бонкҳои муросилавии хориҷӣ барқарор карда мешавад;
– ҳисоббаробариҳо бо асъори хориҷӣ соддаву осон карда мешаванд;
–     имконоти пардохтҳои электронӣ васеъ карда мешаванд.

Барои мизоҷон ин маънои бозгашти воситаҳои маъмулии молиявӣ ва кори қулайтар бо амалиёти байнулмилалиро дорад.

Барқарор кардани эътимод

Омилҳое, ки боиси суоли танзимгарони байнулмилалӣ буданд, пурра бартараф шуданд ва ин имкон фароҳам овард, ки бонк аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шавад.

Дар қарори навшудаи Иттиҳоди Аврупо зикр мешавад, ки як қатор ташкилот пас аз роҳандозии тадбирҳои дахлдор хориҷ шуданд ва ин барқарор шудани мутобиқат ба талаботи байнулмилалиро тасдиқ мекунад.

Барои “Душанбе Сити Бонк” ин қарор имконоти зеринро фароҳам меорад:

– густариши ҳамкории байнулмилалӣ;
– таҳкими мавқеъ дар бозор;
– рушди хидматрасониҳои рақамӣ ва молиявӣ.

Бекор шудани маҳдудиятҳо гузариш ба марҳилаи нави кори бонк аст, ки барқарор кардани робитаҳои байнулмилалӣ ва баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ба мизоҷон, аз ҷумлаи масъалаҳои калидӣ хоҳад буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.