Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

Комиссияи Аврупо се бонк дар Тоҷикистон “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон”-ро, ки қаблан дар бастаи 19-уми маҳдудиятҳо қарор доштанд, аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ кардааст. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Дар сомонаи Иттиҳоди Аврупо ҳам рӯйхати аз таҳрим хориҷшуда нашр шудааст.

Ба иттилои манбаъ, “дар натиҷаи муколама ва ҳамкориҳои мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони аврупоӣ заминаи мусоид барои таҷдиди назари маҳдудиятҳои қаблан ҷоригардида фароҳам омад”.

Ба гуфтаи БМТ, ин тасмим натиҷаи мустақими густариши ҳамкориҳои мақоми танзимгар ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар бо Комиссияи Аврупо, татбиқи пайгиронаи стандартҳои байналмилалии комплаенс ва таҳкими низоми мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада арзёбӣ мешавад.

“Иқдоми мазкур ба рушди минбаъдаи низоми бонкӣ, афзоиши эътимоди сармоягузорон ва тавсеаи хизматрасониҳои молиявӣ дар кишвар такони мусбат мебахшад”, – гуфтааст БМТ.

Ин ниҳоди танзимгари соҳа зикр кардааст, ки минбаъд низ ба татбиқи ислоҳот, баланд бардоштани шаффофият, тақвияти низоми назорати дохилӣ ва таъмини мутобиқати фаъолияти низоми бонкӣ ба стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Аммо худи бонкҳои аз рӯйхати таҳрими Иттиҳоди Аврупо ҳазфшуда то ҳол чизе нагуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки таҳримҳо нисбати се бонки Тоҷикистон дар доираи маҳдудиятҳои 19-уми Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия ҷорӣ шуда, аз 12-уми ноябри соли гузашта ба ҳукми иҷро даромада буданд.

Он замон дар иттилоияи расмии Шӯрои ИА зикр шуда буд, ки ин бонкҳо ба Русия барои канорагирӣ аз маҳдудиятҳо кумак мекунанд.

Аммо дар изҳороти расмии Иттиҳоди Аврупо ҷузъиёти ин масъала, маҳз кадом муқарраротро риоя накардан ва маблағҳо зикр нашуданд. Ба истилоҳи дигар, бонкҳо ба “нодида гирифтани таҳримҳо”, “дастгирии иқтисоди Русия” (саноати ҳарбӣ) айбдор мешаванд, вале ба таври маъмулӣ, тавре ки дар таҷрибаи таҳримҳои ИА роиҷ аст, ҷузъиёташ саҳеҳ шарҳ дода нашудааст.

Баъди эълони таҳримҳо БМТ гуфта буд, ки ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, талош дорад се бонки Тоҷикистонро аз зери таҳрими Иттиҳоди Аврупо раҳо кунад

Бонкҳои зери таҳрим қароргирифта ба мизоҷони худ итминон дода буданд, ки вазъ устувор буда, тадбирҳои ҷоригардида нисбати онҳо “беасос аст”. Аз ҷумла, таъкид шуда буд, ки амалиёти дохилӣ бидуни маҳдудият иҷро шуда, аз рӯйи самтҳои ҷудогонаи байнулмилалӣ ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои ҷойгузин ҷараён дорад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нигаронӣ аз ин иқдом, зикр карда буд, ки ҳукумат баҳри коҳиши осеби эҳтимолӣ тадбирҳо рӯйи даст мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.