“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен ё дар Тоҷикистон аз мавриди табъиз қарори гирифтани шаҳрвандон дар кишвар нигаронӣ карда, гуфтааст, ки соли гузашта 15 муроҷиати сокинонро баррасӣ кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки бештар маъюбон, пиронсолон, нафақагирон, шахсони дорои касалиҳои руҳӣ ва зиндониён мавриди табъиз ва нобаробарӣ қарор мегиранд.

Аз ҷумла, Омбудсмен дар гузориши солонаи худ гуфтааст, ки як ҷавон бо шикояти он ки волидони дӯстдоштааш духтарашонро бидуни иродаи ӯ ба шавҳар доданӣ ҳастанд, муроҷиат кардааст.

Манбаъ аз ин ҷавон А.Э ном бурда, гуфтааст, ки ӯ ин духтарро дӯст дошта, хоҳиши издивоҷ бо ӯро дошт, вале хонаводаи духтар барои ин кор монеа эҷод кардааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон гуфтааст, дар ҳамкорӣ бо кормандони пулис  бо падару модари духтар сӯҳбат карда, муҳтавои табъиз ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандонро фаҳмонидаанд.

“Дар натиҷа, муроҷиаткунанда А.Э бо духтари дӯстдоштааш аз қайди давлатии ақди никоҳ гузашта, зану шавҳари қонунӣ эълон гардиданд”,-омадааст дар гузориши Омбудсмен.

Дар як ҳолати дигар, волидайни як зиндонӣ ба Омбудсмен шикоят кардаанд, ки фарзандашон дар маҳбас мавриди табъиз қарор мегирад.

Падару модари ин маҳкумшуда гуфтаанд, ки дигар зиндониён ӯро аз хӯрокхӯрии якҷоя, чорабиниҳои санитарию гигиенӣ, аз ҷумла рафтан ба ҳаммом, фаъолияти меҳнатӣ, сафороӣ ва дигар шаклҳои ширкат дар фаъолиятҳои дастаҷамъонаи зиндон, ҷудо мекардаанд.

Омбудсмен гуфтааст, ки ин муроҷиат санҷида шуда, ҷиҳати пешгирии чунин ҳолатҳо тавсия додаанд.

“Зарур шуморида мешавад, ки чораҳои пешгирикунандаи ҷудокунии иҷтимоӣ ва амалияҳои табъизомез дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, таъмини вокуниши саривақтӣ аз тарафи маъмурият ба чунин ҳолатҳо, мониторинги риояи принсипҳои баробарӣ ва манъи табъиз дар муассисаҳои ислоҳӣ “пенитенсиарӣ” тақвият дода шавад”,-таъкид шудааст дар гузориш.

Дар се ҳолат табъиз аз рӯйи маъюбият дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сабт шудааст, ки шаҳрвандон аз поймол шудани ҳуқуқашон шикоят кардаанд. Аз ҷумла, шаҳрванд Н.З дар хусуси табъиз шудани писари маъюбаш аз сӯйи ронандаи автобус дар Душанбе муроҷиат карда, гуфтааст, ки бо сабабе, ки корти ройгони писараш дар истифода кор накардааст, ронанда нисбати писараш муносибати дағалона карда, шаъну шарафи ӯро паст зада, талаб кардааст то роҳкироро пардохт кунад.

Дар гузориш омадааст, ки ҷиҳати санҷишу чораандешӣ нисбати ронандаи автобус ба шаҳрдории Душанбе мактуб ирсол шуда, дар натиҷа алайҳи ронанда ҷазои интизомӣ татбиқ ва ӯ аз кор озод карда шудааст.

“Ҳама шахсони маъюбиятдошта ба муносибати баробар бидуни табъиз ҳуқуқ дошта, табъиз намудани онҳо аз рӯйи маъюбияташон поймолсозии ҷиддии ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад”,-таъкид шудааст дар гузориш.

Дар гузориши Омбудсмени Тоҷикистон таъкид шудааст, ки яке аз масъалаҳои дигаре, ки шаҳрвандон мавриди табъиз қарор мегиранд мансубияти маҳаллӣ аст.

Аз ҷумла, як сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шикоят кардааст, ки бинобар аз дигар маҳалла буданаш аз сӯйи ҳамсояаш таъқиб ва латукӯб шудааст. Бо мусоидати Омбудсмен ва пулиси ин ноҳия алайҳи ҳамсояи шаҳрванд паврандаи маъмурӣ боз шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Бояд гуфт, ки табъиз дар шаклҳои гуногун сурат мегирад: нажодӣ, ҷинсӣ, синну солӣ ва динӣ. Сокинони кишвар бештар дар ҳолатҳои дучор омадан ба ҳолатҳои табъиз дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикояти худро нашр мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.