Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

Абдунабӣ Сатторзода, дипломати пешин ва донишманди тоҷик, ки муддате муовинин вазири корҳои хориҷӣ буд, бар ин бовар аст, ки фаъолияти гурӯҳи расонаии “Азия-Плюс” барои ҳукумат дар ҳалли мушкилоти “доғи рӯз” кумак карда, дар хориҷи кишвар дар бораи Тоҷикистон тасаввуроти воқеиро ташаккул медиҳад.

Абдунабӣ Сатторзода дар як сӯҳбат ба мо гуфт, ки “Азия-Плюс” аз оғози фаъолияташ ҳамчун як бюллетени хурд то табдил шудан ба як гурӯҳи бузурги расонаӣ, тавонист фазои матбуоти тоҷикро дигаргун созад.

Ба гуфтаи ӯ, ҷавҳари асосии ин расона дар он аст, ки масъалаҳои “доғи рӯз”-ро на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар сатҳи рӯзноманигории байналмилалӣ ба миён мегузорад.

Дипломат нақши ин расонаро дар ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ калидӣ дониста, иброз дошт, ки хориҷиҳо маҳз ба иттилооти воқеии “Азия-Плюс” эътимод доранд.

Вай афзуд, ки фаъолияти “Азия-Плюс” барои ҳукумат низ манфиатбахш аст, зеро имкон медиҳад, ки масъулин мушкилоти мавҷударо сари вақт дарк карда, роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо кунад.

Сатторзода даъват кард, ки расона дар инъикоси мушкилоти дохилӣ ҷасорати бештар нишон дода, барои таҳлили амиқи масъалаҳо коршиносони варзидаро ҷалб кунад. Ба бовари ӯ, “Азия-Плюс” дорои иқтидорест, ки метавонад дар тарбияи тафаккури миллӣ, аз байн бурдани маҳалгароӣ ва ташаккули миллати комил саҳми таърихӣ гузорад.

Муфассал дар ин навор тамошо кунед:

Ёдовар мешавем, ки 2-юми апрел соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.

Он имрӯз ҳафтанома, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.