ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи “Ҷӯҷаҳои уқоб” (“Орлёнок”) ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.
– Имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи “Хостгорӣ дар рӯзи ҷашн” ба саҳна гузошта мешавад. Намоишнома ҳаҷвӣ буда, аз рӯйи ду асари Антон Павлович Чехов – “Хостгорӣ” (“Предложение”) ва “Ҷашни солгард” (“Юбилей”) бо коргардонии Нозим Меликов рӯйи саҳна омадааст. Арзиши чипта 30 сомонӣ аст.

– Имрӯз тими миллии наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии “CFA International U-16 Men’s Tournament” дар Чин бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон (16 май) рақобат мекунанд. Мусобиқа ба таври даврӣ ва дар як марҳила баргузор мешавад.
– Имрӯз дар пойтахти кишвар мусобиқаи Каратэ-киокушинкай байни наврасон ва ҷавонон барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ин чорабинии варзишӣ дар “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии намудҳои якҳарба” сурат хоҳад гирифт. Дар он варзишгарон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар имкони иштирок доранд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2007 – Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон Қонун “Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба қонуният бахшидани молу мулк”-ро имзо кард. Ин қонун ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ имконият медод, ки молу мулки ба таври ғайриқонунӣ бадастовардаашонро ба таври расмӣ сабт кунанд ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ озод шаванд.
Соли 2013 – Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи “IAAF World Challenge” дар шаҳри Белеми Бразилия медали тилло ба даст овард. Ӯ гурзро ба масофаи 78 метру 49 сантиметр ҳаво дод.
Соли 2018 – Марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Беларус- ҶСП “Агротехсервис” дар шаҳри Ҳисор ифтитоҳ гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1903 – Зодрӯзи Шоҳназар Соҳибов, оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон.

Шоҳназар Соҳибов дар шуъбаҳои вокалӣ ва созии Техникуми мусиқии Бухоро таҳсил намуда, фаъолияташро дар ҳамон ҷо ба ҳайси омӯзгор оғоз кардааст. Баъдан дар Институти мусиқии Самарқанд таҳсил карда, як муддат роҳбари мусиқии театри мусиқӣ-драмавӣ буд ва аз соли 1933 дар Театри мусиқӣ-драмавии Бухоро ба ҳайси роҳбари мусиқӣ фаъолият кард.
Ӯ соли 1948 ба Душанбе омада, дар Филармонияи давлатии тоҷик ҳамчун роҳбари мусиқӣ ва бадеӣ ва баъдан дар Хонаи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ фаъолият кардааст.
Сурудҳои “Дар ҳаваси рӯи ту”, “Шарқи озод”, “Дар водии зарнисори колхоз” аз таронаҳои маъруфи ӯянд. Ҳамчун донишманди маъруфи мусиқии мардумӣ ва классикӣ Шоҳназар Соҳибов якҷоя бо Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев Шашмақомро бори нахуст ба шакли нота сабт намуданд.
Соли 1932 – Мавлуди Абдулло Яъқубов, доктори илмҳои тиб, профессор.
Соли 1964 – Мавлуди Пирмаҳмад Нуров, истилоҳшинос, доктори илмҳои филологӣ.
Соли 1999 – Зодрӯзи Зинҳор Насрӣ, барномасози ҷавон, ҳаммуассис ва мудири ширкати фанноварии “Navju”.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии рӯшноӣ ҷашн гирифта мешавад, ки онро ЮНЕСКО таъсис додааст. Ин рӯз ба нақши рӯшноӣ дар зиндагии инсон бахшида шудааст. Маҳз 16-уми майи соли 1960 аввалин маротиба лазер муаррифӣ шудааст.

Ҳадафи ҷашн таблиғи нақши рӯшноӣ ва технологияҳои рӯшноӣ дар илми муосир, рушд бахшидан ба таҳсил ва илмҳои марбут ба рӯшноӣ, инчунин татбиқи натиҷаҳои ин соҳа дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Рӯзи байналмилалии ҳамзистии осоишта низ 16 май таҷлил мешавад. Онро Маҷмаи умумии СММ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сулҳ, таҳаммул, якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамраъйии мардуми дунё таъсис додааст.

Ҳамзистии осоишта маънои эътирофи гуногунандешӣ, тавоноии шунидан, дарк кардан, эҳтиром ва қадршиносии дигарон, инчунин зиндагӣ дар сулҳу осоиш аст.
Имрӯз Рӯзи биографҳо, яъне нафароне, ки ба омӯзиш ва навиштани тарҷумаи ҳоли нафарони маъруф машғуланд, таҷлил мегардад.
Дар ҳамин рӯз Сэмюэл Ҷонсон, шоир, нависанда ва мунаққиди англис бо Ҷеймс Босуэлл, нависандаи тарҷумаи ҳолаш аввалин маротиба мулоқот кардааст. Онҳо соли 1763 дар яке аз дӯконҳои китобфурӯшии Лондон вохӯрданд. Натиҷаи ин мулоқот нашри асари дуҷилди “Зиндагиномаи Сэмюэл Ҷонсон” (1791) аст, ки аз назари бисёре аз адабиётшиносон бузургтарин тарҷумаи ҳол дар таърихи адабиёти англис ба шумор меравад.

16 майи соли 1881 дар канори шаҳри Берлин – байни маҳаллаи Лихтерфелд ва бинои Корпуси кадетӣ аввалин трамвайи барқии ҷаҳон ба фаъолият оғоз кард. Ин рӯйдод оғози расмии ҳаракати мусофиркашонӣ тавассути роҳи оҳани барқӣ ба шумор меравад, ки барои аввалин бор аспу аробаҳоро бо воситаи нақлиёти муосир иваз намуд.

Трамвай бо суръати тақрибан 30 км/соат ҳаракат мекард ва дар давоми се моҳи аввал зиёда аз 12 ҳазор мусофирро интиқол дод. Ин василаи нақлиёт, мисли аввалин электровоз, бо нерӯи барқе фаъол буд, ки аз худи роҳи оҳан ба муҳаррик мерасид. Навъҳои такмилёфтаи он бо симу ноқил ва нӯги ҷараёнгиранда (контактная дуга) то соли 1890 сохта ва истифода шуданд.
Дар нимаи дуюми асри XIX ҳаракати нақлиёт дар маркази Берлин торафт душвортар мешуд. Дар ҳамин шароит муҳандис ва ихтироъкори машҳур Вернер фон Сименс, роҳбари ширкати барқии он замон пешниҳод намуд, ки хати мусофирбарии барқӣ сохта шавад. Баҳори соли 1879 Сименс аввалин роҳи оҳани барқии таҷрибавиро намоиш дод, ки аз як электролокомотив бо чанд вагон иборат буд. Ин ихтироъ дар ҷаҳон вокуниши васеъ ва сенсатсия ба бор овард.
Дар ИМА 16 майи соли 1929 аввалин маросими супоридани ҷоизаи “Оскар” – ҷоизаи миллии Академияи синамои Амрико баргузор гардид. Маросим дар меҳмонхонаи “Рузвелт” (Roosevelt Hotel) дар Ҳолливуд доир шуда, ҳамагӣ 15 дақиқа тӯл кашид ва дар он тақрибан 270 нафар иштирок доштанд. Ҷоизаҳоро дар он вақт “Academy Award of Merit” меномиданд ва номи “Оскар” танҳо баъдтар, соли 1934 расман маъмул шуд.

Дар аввал, номи ғолибон пешакӣ маълум мешуданд ва онҳо тақрибан се моҳ қабл ба матбуот фиристода мешуданд, то ҳамзамон бо маросим нашр шаванд. Вале соли 1940 рӯзномаи Los Angeles Times натиҷаҳоро ду соат пеш аз оғози маросим чоп кард. Дар натиҷа аз соли 1941 ба ин сӯ система бо лифофаҳои муҳрзада (sealed envelopes) ҷорӣ карда шуд, ки то замони эълон махфӣ мемонанд. Имрӯз “Оскар” ҷоизаи бонуфузтарини синамо дар ИМА ва яке аз шӯҳратмандтарин ҷоизаҳои ҷаҳонии синамо ба шумор меравад.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 33+38º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 23+28º гарм, дар водиҳо шабона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 13+18º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 23+28º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 24+29º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар ғарби вилоят шабона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 31+33º гарм, шабона 18+20º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 32+34º гарм, шабона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 35+37º гарм, шабона 20+22º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 10+12º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 16 ба 17-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.





