Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар пайи хабарҳои марбут ба “хантавирус” гуфт, дар ҳудуди кишвар ягон ҳолати сироятёбӣ ба ин вирус сабт нашудааст ва хавфи паҳншавии он паст боқӣ мемонад.

Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфт, ки хантавирус гурӯҳи вирусҳое мебошанд, ки асосан тавассути хояндаҳо (мушҳо) паҳн шуда, боиси бемориҳои сироятии вазнин мегардад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки “дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, маълумоти васеи расмӣ оид ба бақайдгирӣ ва хуруҷи хантавирус маҳдуд мебошад”.

Вале ба иттилои манбаъ, бо дарназардошти мавҷудияти хояндаҳои табиӣ ва омилҳои экологӣ, дар кишвар мониторинги доимии ҳамагиршиносӣ ва чораҳои беҳдоштӣ гузаронида мешавад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ин вирус тавассути пешоб, наҷосат ё оби даҳони хояндаҳои гирифтори ин вирус ба одам мегузарад.

“Инчунин, эҳтимоли сироят ҳангоми нафаскашии зарраҳои чангу ғубори олудашуда дар ҷойҳои пӯшида, анборҳо, таҳхонаҳо ва манзилҳое, ки хояндаҳо мавҷуданд, зиёд мегардад”, – таъкид кардааст вазорат.

Вазорати тандурустӣ таъкид кардааст, вазъият таҳти назорати ин ниҳод қарор дошта, риояи чораҳои оддии беҳдоштӣ аз сӯйи шаҳрвандон хатари сироятёбӣ ба ин вирусро кам мекунад.

Акси марбут аз BBC

Ин ниҳод ба сокинон тавсия додааст, ки хона, таҳхона, анбору ҷойҳои нигоҳдории маҳсулотро тоза нигоҳ доранд. Аз воридшавии хояндаҳо ба манзилу нуқтаҳои нигоҳдории озуқа пешгирӣ карда, маҳсулоти хӯроквориро дар зарфҳои пушида нигоҳ доранд.

Инчунин истифодаи дастпӯшҳо ва ниқоб ҳангоми тоза кардани ҷойҳое, ки эҳтимоли мавҷудияти хояндаҳо вуҷуд дорад ва сари вақт партофтани партовҳо тавсия дода мешавад.

Вазорат ба сокинони кишвар тавсия додааст, ки ҳангоми пайдо шудани нишонаҳо, аз ҷумла табларза, дарди мушакҳо, сустӣ, мушкили нафаскашӣ ё дарди шадиди сар ба беморхонаҳо муроҷиат кунанд.

Тибқи арзёбии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  хатари паҳншавии “Хантавирус” дар байни аҳолии дунё айни ҳол “паст” боқӣ мемонад. Бо ин вуҷуд, ин созмон аз кишварҳо даъват кардааст, ки омодагии низоми тандурустӣ, мониторинги ҳамагиршиносӣ ва чораҳои беҳдоштиро тақвият бахшанд.  

Дар бораи паҳншавии беморӣ 4 –уми майи солӣ ҷорӣ расонаҳои байналмилалӣ хабар доданд. Бори аввал дар баъзе мусофирони ҳавопаймое, ки аз Аргентина ба Кабо-Верде парвоз мекард, нишонаҳои бемории шадиди роҳи нафас сабт шудааст.

Пас аз пайдоиши вирус дар киштии “MV Hondius”, Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи хатари сирояти “Хантавирус” ҳушдор дод. Чанде пеш Созмони миллали мутаҳҳид эълон кард, ки охирин мусофирони киштии сайёҳии “ MVHondius”, ки дар миёни онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ошкор шудаанд, рӯзи 11-уми май киштиро тарк кардаанд

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".