Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Шаҳноз Ализода, asia+

Пулиси Душанбе пас аз 26 сол ду бародар ва як сокини пойтахтро бо иттиҳоми дуздидани як кирокаш дар пойтахт, боздошт кардааст. Гумонбарон мошини ин мардро тасарруф карда, ӯро дар Ваҳдат се шабонарӯз нигоҳ дошта, барои озодияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дирӯз, 3-юми апрел, дар ин бора гузориш нашр карда гуфт, ҳодиса 1-уми октябри соли 2000-ум дар маҳаллаи Зарнисори пойтахт рух додааст.

Ин ниҳод аз бародарон Суҳроб ва Рустам Хоҷаевҳо, сокинони 48 ва 50-солаи шаҳри Ваҳдат ва аъзои ин гуруҳ Исматулло Саъдуллоев, сокини 55-солаи шаҳри Душанбе ном бурда, гуфтааст, ки онҳо се маротиба бо ҷурмҳои гуногун, аз ҷумла одамкушӣ зиндонӣ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, гумонбарон бо маслиҳати пешакӣ Солеҳҷон Хоҷаев, сокини 54-солаи шаҳри Душанберо, ки он вақт ба кирокашӣ машғул будааст, бо истифодаи силоҳ гаравгон гирифта, дар бордони мошинаш ҷойгир ва ба деҳаи Бостони шаҳри Ваҳдат бурдаанд.

“Дар дасти як нафар “автомат” буд, дар дасти як тани дигар “пистолет” , таҳдид карданд.  Гуфтанд мепаронем, даруни пахтазор бидав, агар тир расад меафтӣ, нарасад мегурезӣ. Гуфтам намедавам, маро мепаронед. Мошинро гирифтед, хона ва пул ҳам ваъда кардам”, – нақл кардааст ҷабрдида.

Солеҳҷон Хоҷаев, намогирифт аз навори пулиси Душанбе

Ба нақли яке аз гумонбарон, Солеҳҷон Хоҷаевро дар як хона дар деҳаи Бостони Ваҳдат се шабонарӯз нигоҳ дошта, аз ӯ бар ивази озодияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд. Ҷабрдида бо истифода аз хишт ба сари яке аз гумонбарон, ки ӯро нигоҳбонӣ мекард зада, фирор кардааст.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки дар натиҷаи санҷиш дар шаҳри Ҳисор як силоҳи тамғаи “Калашников” бо ду тирдону 14 тир, ки онро Суҳроб Хоҷаев, роҳбари ин гуруҳи ҷиноӣ пинҳон намудааст, пайдо кардаанд.

Ба иттиҳоми мақомот, ин гурӯҳ солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таҳти роҳбарии Раҳмоналӣ Шукуров, бо лақаби “Алӣ-Валӣ”, зодаи шаҳри Ваҳдат, ки айни замон дар ҷустуҷӯи расмӣ будааст, ҷиноятҳои вазнин ва “махсусан вазнин”, аз ҷумла роҳзанӣ ва гаравгонгириро содир кардаанд. Аммо дақиқ гуфта намешавад, ки онҳо дар кадом ҷиноятҳо даст доштаанд.

“Мо ба ғоратгарии мардум машғул будем, мезадем мошин, пулашонро мегирифтем”-гуфтааст Суҳроб Хоҷаев.

Алайҳи ҳар се гумонбари ин ҷиноят бо иттиҳоми ғасби гаравгон, роҳзанӣ  ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи (моддаи 181, 249 ва 195-и КҶ), парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар ҳабс қарор доранд. Бар асоси ин иттиҳомот ба гумонбарон аз 5 то 20 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Назари гумонбарони дигар ва пайвандони онҳо ба ин иттиҳом маълум нест.

Баъди солҳо кушода шудани риштаи ҷиноят дар Тоҷикистон хабари нав нест. Аз ҷумла, пулиси Душанбе моҳи январи имсол пас аз 25 сол як сокини шаҳри Ваҳдатро бо иттиҳоми дуздидани писари муовини собиқи Додситонии нақлиёти Тоҷикистон боздошт кард.

Бояд гуфт, ки чанд вақт пеш роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз содиршавии ҷинояти одамкушӣ ва сари вақт ошкор нашудани онҳо дар кишвар нигаронӣ карда, аз зердастони худ талаб карда буданд, ки “қатлҳои солҳои гузашта, ки ҳанӯз кушода нашудаанд, таҳқиқ ва ошкор карда шавад”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.