Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

Меҳрофарин Наҷибӣ, asia+

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ҳамоиш баргузор мешавад. Ин чорабинӣ таҳти унвони “Ташаккули ояндаи осоишта: пешбурди озодии матбуот барои ҳуқуқи инсон, рушд ва амният” рӯзноманигорон, коршиносон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятиву байналмилалиро ба ҳам меоварад.

Конфронси имрӯза, ки дар толори меҳмонхонаи “Hyatt Regency” мегузарад, ки бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА, Иттиҳоди Аврупо ва сафоратҳои Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса созмон ёфта, ҳадаф дорад мушкилоти воқеии расонаҳоро дар шароити нави фанновариҳо баррасӣ кунад.

Дар қисмати субҳонаи ҳамоиш, дипломатҳо, аз ҷумла Сафири САҲА Ян Браату ва Сафири Иттиҳоди Аврупо Радослав Дарски, доир ба нақши матбуоти озод дар таъмини амнияти минтақавӣ суханронӣ мекунанд.

Намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ дар ин ҳамоиш бо ҷомеаи рӯзноманигорӣ муколамаи мустақим анҷом медиҳанд.

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст. Коршиносон, аз ҷумла Рустам Гулов ва Юлия Ҳасс, роҳҳои истифодаи навоваронаи фанновариҳо ва ҳамзамон мубориза бо иттилооти бардурӯғро мавриди баҳс қарор медиҳанд.

Инчунин, масъалаҳои амнияти рӯзноманигорон дар фазои маҷозиву ҳузурӣ, ки имрӯз барои расонаҳо муҳим мебошанд, баррасӣ хоҳанд шуд.

asia+

Пас аз нисфирӯзӣ, иштирокчиён дар ҳафт мизи мудаввар ҷамъ омада, масъалаҳои касбиро ба таври муфассал баррасӣ мекунанд:

Ахлоқи касбӣ ва амният: Таҳти роҳбарии Нуриддин Қаршибоев (АМВАОМТ) ва Шӯрои ВАО такмили Кодекси ахлоқи рӯзноманигорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии кормандони соҳа муҳокима мешавад.

Нақши занон дар расонаҳо: Зебо Таҷибаева бо намояндагони Эътилофи занони рӯзноманигор масъалаи амнияти касбӣ ва афзоиши намояндагии занонро дар идораи расонаҳо баррасӣ мекунад.

Дастрасӣ ба иттилоот ва саводнокии рақамӣ: Мазҳаб Ҷумъаев ва Наврӯз Каримов дар мизҳои мудаввари алоҳида бо дастгирии ташкилоти ACTED роҳҳои самараноки ҷамъоварии маълумот ва истифодаи абзорҳои муосири санҷиши фактҳоро (fact-checking) омӯзиш медиҳанд.

Ҳамоиш бо сухани ҷамъбастии роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА Саломе Штайб ва ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ҳусни анҷом меёбад.

Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот (3-юми май) ҳамасола бо мақсади арҷгузорӣ ба принсипҳои асосии озодии баён ва гиромидошти хотираи рӯзноманигороне, ки ҳангоми иҷрои вазифа ҷони худро аз даст додаанд, таҷлил мешавад.

Тибқи омори нашркардаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар даҳсолаи охир шумори расонаҳои мустақил дар кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфтаанд. Ба гуфтаи коршиносон, имрӯз аксари нашрияҳо минбари иттилоотии вазорату идораҳо ва созмону анҷуманҳои давлатӣ маҳсуб мешаванд ва шумори нашрияҳои воқеан мустақили фаъол ба 10 номгӯй ҳам намерасад.

Дар раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла сабаби асосии ин раванд маҳз саркӯби озодии баён, фишор ба рӯзноманигорон ва баста шудани расонаҳо дар чанд соли ахир ном бурда мешавад, аммо дар нишасти хабарии Вазорати фарҳанг ба ин омилҳо ҳеҷ ишора накарданд.

Соли 2025 Тоҷикистон дар Шохиси ҷаҳонии озодии баён (World Press Freedom Index), ки аз ҷониби созмони “Хабарнигорони бидуни марз” (RSF) тартиб дода шудааст, миёни 180 кишвар дар ҷойи 153-юм қарор гирифт. Соли 2009 дар ин шохис дар мақоми 113-ум қарор дошт. Дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик дар соли 2012, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин нукта ишора карда ва онро боиси ифтихор номида буд.

Дар 15 соли ахир вазъи расонаҳои Тоҷикистон бо таҳаввулоти назаррас мувоҷеҳ шуд. Аз майдон рафтани нашрияҳое чун “Миллат”, “Нигоҳ”, “Озодагон”, хабаргузориҳои “Тоҷнеюс”, “Озодагон” ва ба ҷойи онҳо рӯйи саҳна наомадани расонаҳои иҷтимоиву сиёсӣ вазъро ба гунае нишон медиҳад, ки ҳузури расонаҳои мустақили фаъол дар кишвар камранг аст.

Дар ин муддат дар Тоҷикистон барои таъсис ёфтани ҳатто як шабакаи телевизионии хусусии умумиҷумҳурявӣ мусоидат нашуд ва талошҳое, ки ҳам дар ин росто сурат гирифт, ба нокомиҳо анҷомид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.