Ҳукми зиндони мудири меҳмонхонае дар Маскав барои ҷо додан ба ду маҳкумшудаи ҳамла ба Крокус

Ӯро ба се соли зиндон маҳкум кардаанд.

asia+

Додгоҳи шаҳри Маскав мудири як меҳмонхонаеро, ки дар он ду маҳкумшудаи асосии ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳол” –  Далерҷон Мирзоев ва Муҳаммадсобир Файзов муддате зиста будаанд, ба се соли зиндон маҳкум кардааст. Ин ду нафар низ моҳи марти имсол дар қатори 13 тани дигар ба ҳукми абад маҳкум шуданд.

Дар ин бора хабаргузории “РИА Новости” бо такя ба санад додгоҳ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мудири меҳмонхона ба ташкили будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия гунаҳгор дониста шудааст.

“Ӯ бояд дар бораи омадани Мирзоев ва Файзов, ки иҷозаи иқомати муваққатӣ надоштанд, ба мақомот хабар медод”, – навиштааст манбаъ бо истинод ба санади додгоҳ.

Аз номи меҳмонхонаи мазкур ва мудири он, ки як зан будааст, ном бурда намешавад. Танҳо зикр мешавад, ки ӯ меҳмонхонаи хурдеро дар ошёнаи якуми як бинои панҷошёна мудирият мекард.

“Мирзоев ва Файзов ҳар рӯз меомаданд ва маблағи иқомат дар меҳмонхонаро нақдӣ ё бо корти бонкӣ пардохт мекарданд, шабро мегузарониданд, рӯзона тамоми васоили худро ҷамъ карда мерафтанду боз баргашта ҷойгир мешуданд”, – навиштааст суханони занро ин расона, ки дар санад зикр шуда будааст.

Манбаъ навиштааст, занро баъди ҳамла, фавран барои бозпурсӣ даъват кардаанд ва ӯ “гуноҳашро инкор накарда, дар додгоҳ изҳори пушаймонӣ кардааст”.

Ба қавли ин расона, мувофиқи ҳукми додгоҳ, мудири меҳмонхона барои ду сол аз машғул шудан ба хадамоти меҳмонхонадорӣ низ маҳрум шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус сити ҳолл” дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, тибқи иттилои пешакӣ, аз 146 то 149 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб дида буданд. Дар умум, дар доираи парвандаи ҳамла ба “Крокус” 15 тан барои ҳамеша зиндонӣ шуда, 4 нафари дигар аз 19 то 22 сол ба ҳабс маҳкум шуданд

Додгоҳ ҳамчунин қарор кардааст, ки аз маҳкумшудаҳо ба фоидаи ҷабрдидаҳо 200 миллион рубл ситонида шавад.

Назари онҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ ба расонаҳо дастрас нест. Наздикони бархеяшон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бовар надоранд, онҳо даст ба чунин ҷинояте зада бошанд.

Чанде пеш Ёқубҷон (Яъқубҷон) Юсуфзода, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз маҳкумшудаҳо ба ҳукми абад дар доираи парвандаи ҳамла ба толори “Крокус сити ҳолл”-и Маскав дар боздоштгоҳ ҷонбохта пайдо шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, ӯ худкушӣ кард.

“Азия-Плюс” баъди содир шудани ҳукм бо наздикони чор маҳкумшудаи асосии ин ҳамлаи террористӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, суҳбат кард. Суҳбат бо пайвандони маҳкумшудаҳои асосӣ ва бархе ҷузъиёти ҳодисаро аз забони онҳо баъди эълони ҳукм дар ин матлаби мо хонед: “Ҷуз Худо, ба дигаре умед надорем”. Вокуниши пайвандони 4 маҳкумшудаи асосии ҳамла ба “Крокус” ба ҳукми додгоҳ

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.