“Ҷасадашро бо табару арра ба қисмҳо ҷудо кардааст”. Боздошти як ҷавони 33-сола бо гумони куштори рафиқаш

Мақомот мегӯянд, ӯ маводи мухаддир истеъмол кардааст.

Идибеки Саид, asia+

Мақомот дар ноҳияи Файзобод як ҷавони 33-соларо бо гумони куштори дӯсташ боздошт кардаанд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, қисмҳои ҷасади кушташуда рӯзи 19-уми апрел дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод, дар соҳили рӯдхонаи Элок пайдо шудаанд.

Ин ниҳод аз гумонбар, ки баъди ду рӯзи пайдо шудани ҷасад боздошт шудааст, Нурандеш Шарифзодаи 33-сола ном бурдааст. Ӯ сокини кӯчаи Норакиёни шаҳри Роғун будааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 31-уми декабри соли 2025 рух дода, Нурандеш Шарифзода ҳамроҳ бо Насим Раҷабзодаи 43-сола, ки сокини ноҳияи Фархор будааст, дар ҳолати “мадҳушӣ” муноқиша мекунад ва сипас, ӯро ба қатл мерасонад.

Нурандеш Шарифзода, гумонбар, Намогирифт аз гузориши ВКД

Маълум нест, ки далели муноқишаи онҳо чӣ буд.

Гуфта мешавад, ки ӯ ҷасадро ду рӯз нигоҳ дошта, сипас “барои рӯйпӯш кардани ҷиноят ҷасадро бо истифода аз табар ва арраи оҳанбурӣ ба қисмҳо ҷудо карда, як қисми ҷасадро дар таҳхонаи манзили иҷоравиаш зери хок карда, қисми дигарро дар халта ҷой намуда, дар лаби дарёи Элок, воқеъ дар ноҳияи Файзобод бурда партофтааст.

Аммо гуфта намешавад, ки ӯ ҷасадро ду рӯз дар куҷо нигоҳ дошт.

Шарифзода дар навори нашркардаи мақомот гуфтааст, баъди ду рӯзи ҳодиса, яъне рӯзе, ки ҷасадро ба қисмҳо ҷудо кард, маводи мухаддир истеъмол карда буд.

Аммо маълум нест, ки ин навор таҳти кадом шароит сабт шудааст.

Мақомот нисбати ӯ бо гумони одамкушӣ (моддаи 104-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад. Ин банди қонун аз 8 соли зиндон то ҳабси абад пешбинӣ мекунад.

Назари гумонбар ва наздиконаш дар робита ба ҳодиса дастрас нест.

Ба иттилои ВКД, Нурандеш Шарифзода қаблан барои “дуздӣ ва авбошӣ” 15 сол зиндонӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.