Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

asia+

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон супориш додааст, ки сифати таълими алифбои ниёгон дар муассисаҳои соҳаи маориф беҳтар карда шавад. Ӯ имрӯз, 29-уми май, дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки ин кор “дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ” анҷом шавад.

Солҳои пеш дар макотиби Тоҷикистон таълими хати ниёгон ва ё форсӣ аз синфҳои ибтидоӣ оғоз мешуд, аммо ҳоло дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзиши хатти форсӣ танҳо барои хонандагони синфҳои 7 ва 8-ум ба роҳ монда шудааст. Онҳо ҳафтае ду соат дарси алифбои ниёгон мехонанд.

Дар умум, тақвияти омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон, ки то солҳои 20-уми асри гузашта хати рамии сокинонаш буд, солҳо ин ҷониб аз сӯйи донишмандону таҳлилгарон таъкид мешавад. Дар ин моваро, теъдоде ҳам пешниҳод мекунанд, ки хати сирилики кунунӣ бо хати ниёгон иваз карда шавад. Махсусан дар ҳоле, ки аксари кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз хати сирилик канора мегиранд. Масалан дар Ӯзбекистон қариб бист сол пеш тасмим гирифтанд, ки ба хати лотинӣ баргарданд ва ҳоло қариб пурра ба ин хат баргаштаанд. Дар Қазоқистон ҳам солҳои охир раванди бозгашт ба хати лотинӣ тақвият ёфтааст.

Дар ҳоле, ки хати лотинӣ барои кишварҳои минтақа бегона аст ва аммо онҳо барои канорагирӣ аз хати сирилик ба ин хат бармегарданд, худдорӣ ё кашолкории Тоҷикистон аз бозгашт ба хати гузаштагонаш – форсӣ, ки тамоми осори гаронарзиши классиконаш бо он навишта шудааст, барои аксар рӯшанфикрон муаммо аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.