Бар асоси назарсанҷии густурдае, ки соли 2025 миёни 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гузаронида шудааст, Вазорати адлия дар шохиси умумии ниҳодҳои фасодзада ҷойи чорумро ишғол кардааст. 9,1 дарсади ҳамаи пурсидашудагоне, ки бо фасод дучор шудаанд, маҳз сохторҳои ин вазоратро ба порахурӣ муттаҳам кардаанд. Дар кадом зерсохтор ин ҳолат бештар аст?
Аз миёни ҳамаи онҳое, ки дар Вазорати адлия бо фасод рӯбарӯ шудаанд, 48,9 дарсад Хадамоти бақайдгирии ҳолати шаҳрвандӣ – мақоме, ки барои расмӣ кардани никоҳ, таваллуд ва вафот, сабтином кор мекунад – ба порахурӣ муттаҳам кардаанд. Ин баландтарин нишондод дар дохили вазорат аст.
Идораи давлатии нотариалӣ бо 35 дарсад дар ҷойи дувум аст. Нотариус мақомест, ки барои тасдиқи ҳуҷҷатҳо, хариду фурӯши амлок ва васиятнома ба он муроҷиат мекунанд.
Ин ду зерсохтор якҷоя зиёда аз 83 дарсади ҳамаи ҳолатҳои фасодеро, ки дар Вазорати адлия гузориш шудаанд, ташкил медиҳанд.
Талошҳои мо барои гирифтани назари Вазорати адлия дар ин бобат бенатиҷа анҷомид. Аз бахши матботи ин ниҳод ба зангҳои мо посух надоданд. Дар сурати пешниҳоди мавқеи ин ниҳод, “Азия-Плюс” ҳозир аст, онро мунташир кунад.
Бояд гуфт, ки ин тадқиқоти ҷомеашиносиро Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Оҷонсии зидди фасод соли 2025 миёни 10 ҳазор шаҳрванди кишвар гузаронидаанд ва натиҷаи он нав интишор шуд.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, соҳаи маориф дар радабанди умумии ниҳодҳои фасодзада зинаи аввалро ишғол кардааст. Тақрибан 20% пурсидашудагон гуфтаанд, ҳангоми муроҷиат ба соҳаи маориф бо порагирӣ ё тамаъҷӯӣ рӯбарӯ шудаанд. Вазорати маориф мегӯяд, натиҷаи назарсанҷиро барои таҳлил ва такмили соҳа истифода мебарад, аммо дар баробари ин, ба фарогирии зиёди соҳа ишора мекунад.
Ин таҳқиқоти ҷомеашиносӣ инчунин муайян кардааст, ки Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шохиси мақомоти ба фасод олудашуда дар ҷойи дуюм меистад. Аз ҷумла, аз ҳар 5 нафаре, ки дар ВКД бо фасод рӯбарӯ шудаанд, дутои он маҳз ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) пора додаанд. Назари ин ниҳод то кунун ба натиҷаи ин тадқиқот маълум нест.
Вазорати тандурустӣ ва серсохторҳои он бошад, дар шохиси умумии ниҳодҳои фасодзада ҷойи сеюмро ишғол кардааст. Тақрибан 16,7 дарсади ҳамаи пурсидашудагоне, ки бо фасод дучор шудаанд, сохторҳои ин соҳаро ном гирифтаанд.
Ба ришва даст задан яке аз масъалаҳои доғ миёни ҷомеаи кишвар аст. Мардум дар он назарпурсӣ сабаби асосии густариши фасодро дар маоши паст ва шароити душвори зиндагӣ (25,6%) мебинанд. Ҳамчунин, кӯшиши ба даст овардани даромади иловагӣ аз ҷониби кормандон низ яке аз омилҳои асосӣ номбар шудааст.
Аммо 86 дарсади онҳое, ки бо фасод рӯбарӯ шудаанд, ба ягон мақомот шикоят накардаанд. Чаро порахӯрӣ дар Тоҷикистон роиҷ шудааст? Дар ин матлаби мо дар ин бора мутолиа кунед.







