Посухи сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба шикояти тоҷир ва вокуниши муовини сарвазири Ӯзбекистон

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон имрӯз, 12-уми феврал, дар нишасти хабарӣ шикояти тоҷири ӯзбек барои “эҷоди монеа”-и гумрукчиёни тоҷик ва вокуниши муовини сарвазири Ӯзбекистонро шарҳ дод ва гуфт, мушкил он гунае, ки дар ВАО шарҳ медиҳанд, ҷиддӣ нест. Моҳи гузашта як намояндаи ширкати "Knauf"-и Ӯзбекистон, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул аст, дар ҷаласае бо ҳузури […]

Идибеки Саид, Asia-Plus

Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон имрӯз, 12-уми феврал, дар нишасти хабарӣ шикояти тоҷири ӯзбек барои “эҷоди монеа”-и гумрукчиёни тоҷик ва вокуниши муовини сарвазири Ӯзбекистонро шарҳ дод ва гуфт, мушкил он гунае, ки дар ВАО шарҳ медиҳанд, ҷиддӣ нест.

Моҳи гузашта як намояндаи ширкати "Knauf"-и Ӯзбекистон, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул аст, дар ҷаласае бо ҳузури Ҷамшед Хоҷаев, муовини нахуствазири ин кишвар аз “эҷоди монеа” барои вуруди масолеҳи сохтмонӣ ба Тоҷикистон шикоят кард.

Дар пайи ин, Ҷамшед Хоҷаев гуфт, агар шеваи кор чунин аст, “мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем” ва ба сафири кишвараш дар Тоҷикистон гуфт, ки “ба онҳо (яъне ҷониби Тоҷикистон. -идора) паёми моро расонед”. Ҳамчунин, ба масъулини Хадамоти гумруки кишвараш дастур дод, ки бо ҳамтои тоҷикистониаш “суҳбат кунад”.

Бо гузашти қариб се ҳафта, Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон шарҳ дод, ки гап сари чӣ аст. Ӯ изҳор дошт, ки аксар вақт молҳои воридшаванда аз Ӯзбекистон бо нархи муомилотӣ ба расмият дароварда мешавад. Ба гуфтаи сардори Хадамоти гумрук, дар ҳолате, ки ҳуҷҷатҳо пурра набошад, мол бо нархи бозори дохилии Тоҷикистон, ки аз ҷониби гурӯҳи кории Хадамот муайян мешавад, ба расмият дароварда мешавад.

“Норозигӣ аслан аз ин ҳисоб аст, ки дар бозори дохилӣ ё ҳангоми содирот молсодиркунандагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон нархро камтар нишон медиҳанд. Дар асл, вақте дар бозор омӯзиш мекунед, нархҳо ба маротиб аз нархи арзнамуда дар муроҷиатҳои гумрукӣ зиёд мебошад”, – шарҳ дод Каримзода.

Ба гуфтаи ӯ “ҳангоми ворид намудани ин ё он намуди мол, на танҳо кошӣ ва на танҳо нисбати Ӯзбекистон, дар аксари ҳолатҳо аз ҷониби молворидкунанда он ҳуҷҷатҳое, ки тибқи Кодекси гумруки Тоҷикистон муайян шудааст, пурра пешниҳод карда намешавад ва нархи арзнамудаи молворидкунанда шубҳанок аст”.

Аммо ӯ нагуфт, ки оё барои ҳалли ин баҳс бо ҳамтои ӯзбекистониаш мулоқот кардааст ё не.

Танҳо зикр кард, ки дар кишвар корхонаи кошикорӣ ифтитоҳ ва бо қарори ҳукумат боҷи гумрукӣ барои воридоти он баланд шуд.

“Бо назардошти он ки мо бо Ӯзбекистон созишнома дар бораи минтақаи савдои озод дорем, ин нисбати Ӯзбекистон амал намекунад”, – илова кард Каримзода.

Ӯ гуфт, ҳоло тибқи ин созишнома 37 номгӯи молу маҳсулот аз гардиши савдои озод берун аст ва ҳангоми воридоти онҳо боҷ ситонида мешавад ва афзуд, ки “дар ин 37 номгӯй кошӣ дохил намешавад”.

Зикр кардан ба маврид аст, ки моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе 3 корхонаи калони саноатии ҶСП “Сантайлс” барои тавлиди сафолаку кошиҳо  ва серанит ифтитоҳ шуд. Вақти ифтитоҳ таъкид шуд, ки дар ин корхонаҳо иқтидори истеҳсоли сафолаку кошӣ ва серанит дар як сол 6 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ аст.

То он замон ба Тоҷикистон беш аз 10 миллион метри мураббаъ сафолаку кошӣ ва серанит аз хориҷи кишвар ворид мешуд “ва акнун зиёда аз 65 дарсади талаботи кишвар ба ин маҳсулот дар ҳамин як корхона” истеҳсол мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.