“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Дар Тоҷикистон беҳтарин ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон дар соли 2025 ва шарикони калидие, ки дар рушди низоми рақамии кишвар саҳм мегузоранд, муайян ва қадрдонӣ шуданд. Маросими супоридани ҷоизаҳои бахши мухобиротии Тоҷикистон (Telecom Awards Tajikistan 2025) шоми 7-уми май дар Душанбе сурат гирифт ва дар он гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар самти ислоҳоти рақамӣ эътироф ва соҳиби ҷоиза шуд.

Ғолибон дар 16 бахш бар асоси раъйи муштариён ва ченакҳои техникии ширкатҳои байналмилалии “Ookla” (Speedtest) ва “DMTEL”, ки суръату сифати интернетро месанҷанд, муайян шудаанд.

Ширкати “Tcell” беҳтарин ироадиҳанда (оператор)-и алоқаи мобилӣ ва ширкати “Babilon-T” беҳтарин таҳвилдиҳанда (провайдер)-и интернети ноқилӣ дар соли 2025 дониста шуда, шоҳҷоиза ба даст оварданд.

Акс аз asia+

Ғолибони 12 бахши дигар ба таври зайланд:

Ҷоизаи “Пешрафти сол” – “Tcell”;

Ҷоизаи “Интихоб ва эътирофи муштариён” (байни ширкатҳои алоқаи мобилӣ) – “Babilon-M”;

Ҷоизаи “Интихоб ва эътирофи муштариён” (миёни ироадиҳандагони интернети ноқилӣ) – “Babilon-Т”;

Ҷоизаи “Беҳтарин хидматрасонӣ ба муштариён” – “Tcell”;

Ҷоизаи “Беҳтарин роҳкори созмонӣ (қарори корпоративӣ)-и сол” – “МегаФон Тоҷикистон”;

Ҷоизаи ““Беҳтарин ширкат дар самти масъулияти иҷтимоӣ”” – “Nets”;

Ҷоизаи “Беҳтарин қарори навоварона (инноватсионӣ)-и соҳа дар соли 2025” – “Тоҷиктелеком”;

Ҷоизаи “Беҳтарин таносуби нарх ва сифат” – “Babilon-M”;

Ҷоизаи “Саҳмгузорӣ дар рушди соҳа” – “Тоҷиктелеком”;

Акс аз asia+

Ҷоизаи “Беҳтарини хизматрасонии рақамии сол” – “МегаФон Тоҷикистон”;

Ҷоизаи “Беҳтарин ироадиҳанда (оператор)-и зудрушдёбанда” – “Tcell”;

Ҷоизаи “Беҳтарин лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи алоқа”- “Тоҷиктелеком”.

Ҳамчунин барои саҳм дар табдили рақамии Тоҷикистон ин ниҳодҳо қадрдонӣ шуданд:

  • Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои рақамӣ – барои ташаккули заминаи низоми ягонаи рақамии кишвар ва роҳбарии роҳбурдии раванди табдили рақамӣ.
  • Хадамоти зиддиинҳисорӣ – барои таъмин намудани рақобати солим дар бозори алоқа ва ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон.
Умед Бобохонов (аз дасти рост) ҳангоми қабули ҷоиза, Акс аз Хадамоти алоқа Ҳайдаралӣ Раҷабзода (аз дасти чап), раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳангоми қабули ҷоиза. Акс аз Хадамоти алоқа Саъдӣ Самадзод (аз дасти рост) Директори КВД"Шаҳри ҳушманд"-и мҳукумати Душанбе ҳангоми қабули ҷоиза. Акс аз Хадамоти алоқа Ҳаким Исмоилзод (аз дасти рост), муовини аввали директори Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ҳангоми қабули ҷоиза. Акс аз Хадамоти алоқа
  • КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart City) – барои татбиқи муваффақонаи фанновариҳои “Smart City” ва фароҳамсозии муҳити навоварона дар шаҳр.
  • – Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” – барои саҳми дарозмуддат дар дастгирии иттилоотии соҳа, инъикоси объективии ислоҳоти рақамӣ ва таблиғи имиҷи технологии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, дар Душанбе бори аввал маросими ҷоизасупории “Telecom Awards Tajikistan – 2025” баргузор гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.