Имсол низ ба ҳар як ширкаткунандаи ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Шаҳноз Ализода, asia+

Имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар як иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ дар Тоҷикистон (ҶБВ), ки ҳоло 8 нафар боқӣ мондаанд, 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Дар ин бора Алишер Шарифов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи номбурда, ин маблағ то 9-уми май ба ҳамаи собиқадорони ҶБВ супорида мешавад. Маълум нест, ки ин маблағ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо мешавад ва ё аз фонди махсуси раисҷумҳури кишвар.

Соли гузашта низ раисҷумҳур ба ҳар як ширкаткунандаи ҶБВ дар кишвар, ки он замон 17 нафар буданд, 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.

Ҳар сол ба муносибати Иди Ғалаба, ҳукуматҳои маҳаллӣ низ ба собиқадорони ҶБВ, ки дар минтақаашон зиндигӣ мекунанд, маблағ ҷудо мекунанд.

Маълум нест, ки шаҳрдории Душанбе ва ҳукумати вилояти Хатлон ба иштирокчиёни ҶБВ чӣ қадар маблағ ҷудо кардаанд.

Дар баробари ин, ҳар сол аз номи раисони шаҳру навоҳӣ низ ба собиқадорони ҶБВ, ки дар шаҳру ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд, кӯмакҳои молӣ расонида мешавад.

Дар Тоҷикистон ба ҳолати 30-юми апрели соли 2026-ум 8 собиқадори ҶБВ умр ба сар мебаранд. Рӯзи 30-юми апрел Мирзо Ғафуров, собиқадори ҶБВ аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки 100 сола буд, даргузашт. Се рӯ пеш аз ин, 27-уми апрел Раҷаб Исмонов, охирин собиқадори ҶБВ аз Ҳисор, ки 100 сол дошт, вафот кард. Соли гузашта теъдоди собиқадорон 17 нафар буд.

Ёдрас мешавем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.

Соли 2005 теъдоди собиқадорони ҶБВ 9 ҳазору 900 нафар, соли 2020 – 168, соли 2021 – 98, соли 2022 – 59, соли 2023 – 42, соли 2024 – 24 ва соли 2025-ум 17 нафарро ташкил медод. Дар муддати 22-сол 9 ҳазору 890 собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дунёро тарк кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...