Бознашри “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ва омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ. Тавсияи вакилон ба Кумитаи забон ва чанд ниҳоди дигар

Ба кадом вазорату идора чӣ дастур дода шуд?

asia+

Кумитаи забон ва истилоҳот вазифадор шудааст, ки китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”-ро, ки соли 2025 нашр шуд ва баҳси зиёдеро дар ҷомеа ба миён овард, бознашр ва ба талаботи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” мутобиқ созад.

Ин китоб ахиран соли гузашта аз ҷониби Кумита нашр ва бавижа, имлои “у” ва “ӯ” дар ҷомеа тунд баҳс шуд. Ахиран ин баҳс ба парлумон кашида шуда, вакилон тавсия доданд, ки он бознашр шавад.

Зимнан, гуфта мешуд, ки нусхаҳои “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ба баъзе вазорату идораҳо дастрас шудааст, аммо баъди нишасти матбуотии ахир дар моҳи январи имсол ва баҳсҳои бамиёномада намояндагони баъзе идораҳо гуфтанд, ки китоб бозчинӣ шудааст.

Комиссияи олии аттестатсионӣ бошад, ӯҳдадор шудаанд, ки то бознашри “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” дурустнигории имлоии рисолаҳои илмиро ба забони тоҷикӣ танҳо дар асоси талаботи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ба роҳ монад.

Вакилони парлумони кишвар, ҳамчунин, ба Кумитаи забон ва вазорату идораҳои дахлдори дигар тавсияҳои худро дар чанд банд пешниҳод кардаанд.

Дастурамали шиору овеза, забони тарҷума ва истилоҳоти соҳавӣ

Таҳия ва нашри “Дастурамали шиору овеза ва эълону рекламаҳо” аз вазифаҳои дигарест, ки вакилони парлумон Кумитаи забонро ӯҳдадор кардаанд. Забони эълону таблиғ ва лавҳаю овезаҳо аз мушкилоест, ки солҳо инҷониб интиқод ва баҳс мешавад.

Ҳамчунин, вакилон тавсия додаанд, ки барномаи “Ислоҳнигорӣ ва дурустнависӣ”-ро дар асоси барномаҳои ҳуқуқи муаллифидошта, ки амнияти иттилоотиро таъмин карда метавонанд, таҳия кунанд. Таҳия ва оммавӣ шудани барномаро чор сол инҷониб Кумитаи забон ваъда мекунад, вале то ҳол он дастраси умум нашудааст ва ҳар сол кумита баҳонаҳо пеш меорад.

Тавсияҳои дигари вакилони парлумон ба Кумитаи забон ва истилоҳот инҳоянд:

– ба меъёр мувофиқ кардани истилоҳоти соҳавӣ ва ҷойгирсозии онҳо дар махзани электронӣ;

– ташхис (экспертиза)-и забонии тарҷумаи асарҳои бадеӣ, илмӣ ва тарҷумаи филмҳо;

– талаби ташхиси забонии матни китобҳои дарсии мактабҳо, эълону таблиғ ва дигар маводи иттилоотӣ.

Ҳамчунин Кумита якҷо бо “Маркази миллии тарҷума” вазифадор шудааст, ки тарҷумаи асарҳои бунёдии забоншиносиро аз забонҳои хориҷӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монад ва назорати сифати тарҷумаи асарҳо ва филмҳоро пурзӯр кунад.

Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар забони шиору овезаҳоро дар шаҳру ноҳияҳо мунтазам назорат кунад.

Таълими ҳатмии забони тоҷикӣ дар ихтисосҳои тарҷумонӣ

Вакилони парлумон ба Вазорати маориф ва илми кишвар тавсия додаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф дар ихтисосҳои тарҷумонӣ таълими ҳатмии забони тоҷикиро ҷорӣ кунанд ва хатмкунандагони ин ихтисосҳо аз забони тоҷикӣ имтиҳонӣ давлатӣ супоранд.

Ин ниҳод  ҳамчунин ба таҳияи дастурҳои таълимӣ барои нобиноёну ношунавоён ва таъмини татбиқи онҳо вазифадор шудааст. Рушди таълими забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ ва тоҷикони хориҷи кишвар низ аз уҳдадориҳои дигари вазорат дар марҳилаи дуюми “Барномаи рушди забони давлатӣ” қарор гирифтааст.

Нашри “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, тоҷикшиносӣ ва таъсиси марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ

Ба Вазорати фарҳанги кишвар низ чанд тавсия пешниҳод шудааст. Ин ниҳод вазифадор шудааст, ки ба нашри “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, ки соли 1969 мунташир шуда буд, муосидат кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бошад, ӯҳдадор шудааст, ки марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ таъсис дода, таҳқиқи осори хаттиро ба роҳ монад. Тавсеаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои хориҷӣ дар самти тоҷикшиносӣ, омӯзиши вазъи забони тоҷикони муқими кишварҳои хориҷа аз вазифаҳои дигари ин ниҳод дар ҳамдастӣ бо дигар идораҳо зикр шудааст.

Ба Кумитаи телевизион ва радио низ дастур шудааст, ки дар шабакаҳои телевизионӣ барномаҳои омӯзиши забони давлатӣ таҳия ва пахш карда, омӯзиши забони имову ишораро низ татбиқ кунад. Кумита ҳамчунин уҳдадор шудааст, ки барои кормандони ВАО дар бораи риояи меъёрҳои забони адабӣ дастурамал таҳия кунад.

Оҷонсии хидмати давлатӣ низ вазифадор шудааст, ки дар давраҳои такмили ихтисоси хидматчиёни давлатӣ омӯзиши қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва фарҳанги муоширатро ба роҳ монад.

Академияи илмҳои кишвар бошад, ба таҳияи луғатҳо ва осори илмии зарурӣ, тарҷума ва нашри луғатҳои эътимологии забони тоҷикӣ дастур гирифтааст.

Вазорати молияи кишвар бошад, барои маблағгузории чорабиниҳои пешнишодшуда, аз ҷумла таҳияи луғатҳо, барномаҳои рақамӣ ва таъсиси зерсохтҳо вазифадор шудааст.

Таъмини Кумитаи забон ва истилоҳот бо бинои алоҳида

Вакилони парлумон дар поёни дастурҳои худ Палатаи ҳисобро уҳдадор кардааст, ки раванди иҷрои марҳилаи дуюми “Барномаи рушди давлатии забони давлатӣ”-ро дар вазорату идораҳои дахлдор назорат кунад.

Бояд гуфт, дар ҷаласаи охири вакилон Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон дар бораи иҷрои чанд банди “Барномаи рушди забони давлатӣ барори солҳои 2020-2030” ҳисобот дод. Барно Саидвализода, раиси Кумитаи парлумон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон аз иҷро нашудани баъзе бандҳо нигаронӣ ва интиқод кард. Кадом масъалаҳо боиси нигаронии вакилони парлумон буд, дар ин матлаб хонед: Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.