Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Дар радабандии ҷаҳонии ҷудо Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудокори шинохтаи тҷоик дар вазни 66 кг ва Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори дигари тоҷик дар вазни 73 кг дар ҷои аввал қарор гирифтанд. Эмомиалӣ бо касби 5226 имтиёз ва Асадуллоев бо 4570 имтиёз пешсафи мутлақ дониста шуданд.

Ин натиҷа ба Эмомалии Нуралӣ имкон дод, ки аз Такеши Такеоку, намояндаи Ҷопон пеш гузарад. Муҳиддин Асадуллоев пас аз ғалаба дар Душанбе якбора се мавқеъ боло рафта, ҳарифони пурқувват аз Амороти Муттаҳидаи Араб, Бразилия ва Фаронсаро қафо гузошт.

Муҳиддин Асадуллоев. Акс аз IJF

Сомон Маҳмадбеков, дар вазни 81 кг мавқеи худро мустаҳкам кард. Ӯ бо 3942 имтиёз зинаи сеюм дар ҷаҳонро касб карда, якбора чор мавқеъ боло рафт. Обид Ҷебов зинаи чаҳорумро дар вазни 66 кг (3640 имтиёз) касб мекунад.

Сомон Маҳмадбеков Акс аз IJF

Миёни гаронвазнҳо, Темур Рахимов вазни +100 кг (2940 имтиёз) зинаи 11-ум ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 100 кг (2918 имтиёз) зинаи 13-умро касб карданд.

Дар вазни сабуки 60 кг Меҳрзод Сӯфиев дар мақоми 17-ум (1994 имтиёз) қарор дорад. Дар вазни 73 кг чанд ҷудокори тоҷик ба 30-гонаи аввал шомиланд: Маъсуди Аҳмадзод — 22-юм (1712 имтиёз), Абӯбакр Шеров — 23-юм (1616 имтиёз), Абдуллои Ориф — 36-ум (1288 имтиёз).

Темур Раҳимов бо либоси кабуд. Акс аз IJF

Дар нимаи дуюми радабандӣ ҷудокороне ҷойгир шудаанд, ки захираҳоро ташкил медиҳанд: Сунатулло Мӯсоев — 49-ум (81 кг, 1001 имтиёз), Лоиқ Қутбиддинов — 54-ум (60 кг, 745 имтиёз), Беҳрӯзи Хоҷазода — 57-ум (81 кг, 738 имтиёз).

Дар вазни 90 кг мавқеъҳои намояндагони Тоҷикистон чунинанд: Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода — 61-ум (818 имтиёз), Умедҷон Раҷабов — 63-юм (799 имтиёз) ва дар вазни 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов — 61-ум (662 имтиёз).

Обид Ҷебов бо либоси сафед. Акс аз IJF

Радабандӣ чӣ гуна таҳия мешавад?

Имтиёзҳо барои ҳунарнамоӣ дар мусобиқаҳои кушоди минтақавӣ, “Grand Prix”, “Grand Slam”, “Masters”, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва минтақавӣ, инчунин, Бозиҳои олимпӣ дода мешаванд. Барои ҳисоби радабандӣ 5 натиҷаи беҳтарин барои ҳар як давраи 12-моҳа ва ва натиҷаи иловагӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии минтақавӣ ё Masters ба назар гирифта мешаванд.

Агар варзишгар дар ҳарду мусобиқа ширкат варзад, ба сифати натиҷаи шашум балли бештар баланд ва балли нисбатан пасттар – барои шомил кардан ба шумори панҷ натиҷаи беҳтарини WRL ба назар гирифта мешавад.

Имтиёзҳо барои мусобиқа бо назардошти муҳлат ба назар гирифта мешаванд: дар 12 моҳи аввали пас аз мусобиқа – 100%, баъди 12 моҳ – 50% ва баъди 24 моҳ – 0% (ба назар гирифта намешаванд). Барои дарёфти имтиёз дар мусобиқа ҳадди ақалл дар як рақобат дастболо шудан лозим аст. Истисно – Grand Prix, Grand Slam, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва мусобиқоти қаҳрамонии минтақавӣ мебошанд: барои иштирок дар онҳо ҳатто бидуни ғалаба имтиёзҳо дода мешаванд.

Дар сурати баробар будани шумори умумии имтиёзҳо, мавқеи нисбатан баланд дар радабандӣ мувофиқи қоидаҳои зерин муайян карда мешавад:

  • – Имтиёзҳои умумии ҷории баландтарин аз ҳамаи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон
  • – Имтиёзҳои умумии ҷории баландтарин аз ҳамаи мусобиқоти Grand Prix, Grand Slam ва Masters

Имтиёзи баландтарини ҷорӣ аз як мусобиқа ва сипас (зимни зарурат) имтиёзи баландтарини дуюм ва ҳамин таври идома меёбад. Агар имтиёзи рақибон ҳоло ҳам баробар бошанд, дар ин ҳолат Кумитаи иҷроияи IJF қарори ниҳоӣ қабул мекунад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.