Муҳиддин Асадуллоев қаҳрамони Осиё ва Сомон Маҳмадбеков барандаи медали нуқраи ин мусобиқа шуд

Натиҷаи ҷудокорони тоҷик дар рӯзи дуввуми мусобиқоти ҷудои Осиё.

Муҳаммад Назар, asia+

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи инфиродии қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар шаҳри Ордоси Чин ҷараён дорад, Муҳиддин Асадуллоев, варзишгари 19-солаи тоҷик дар вазни то 73 кг қаҳрамони Осиё шуд ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг медали нуқра гирифт.

Асадуллоев рақобатҳояшро аз даври дуюм оғоз карда, пас аз шикаст додани Нурмуҳаммад Бакирдинов аз Қирғзистон, Сок Бом Но аз Куриёи Шимолӣ ва Эункюл Ли аз Куриё Ҷанубӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар ин давр бо Маҳмадбек Маҳмадбеков, варзишгари тоҷик, ки Имороти Муттаҳидаи Арабиро намояндагӣ мекард, куштӣ гирифта, ӯро мағлуб кард ва аввалин бор қаҳрамони Осиё шуд.

Сомон Маҳмадбеков низ аз даври дуюм ба набард пардохт ва то расидан ба финал Шинебайар Оюнчимег, намояндаи Муғулистон, Ҳоҷидовуд Ҳасанов (Гаджидовуд Гасанов), намояндаи Баҳрайн ва Ҳоҷимурод Умаров, намояндаи Имороти Муттаҳидаи Арабиро шикаст дод. Дар даври ниҳоӣ Маҳмадбеков бо Адилет Алмати қазоқистонӣ мубориза бурда, мағлуб ва соҳиби нишони нуқра шуд.

Сомон Маҳмадбеков

Се ҷудокори дигари тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 81 кг, Абдуллои Ориф дар вазни то 73 кг ва Александра Кан дар вазни то 57 кг низ имрӯз баромад карда, дар давраҳои гуногун аз рақибони худ шикаст хурданд. Ду нафари аввал соҳиби ҷойҳои панҷум шуданд.

Ёдрас мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқа, Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг нишони тилло, Обид Ҷебов дар ҳамин вазн медали нуқра ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг нишони биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Дастоварди Мадина дар таърихи қаҳрамонии Осиё барои бонувони тоҷик болотарин натиҷа ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, дар рӯзи аввали мусобиқа ду намояндаи Тоҷикистон – Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг ва Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг дар марҳилаҳои гуногун ноком шуда, ба гирифтани медал даст наёфтанд.

Тоҷикистон баъди ду рӯзи мусобиқа дар ҳисоби даставӣ дар ҷои дуюм қарор дорад. Дастаи Муғулистон, ки 1 медали тилло аз тими мо бештар дорад, дар мақоми аввал аст.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки то 18-уми апрел идома меёбад, имсол 13 варзишгар (9 мард ва 4 зан) муаррифӣ мекунанд.

Пагоҳ 4 ҷудокори дигари тоҷик – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Шодмон Ризоев (ҳарду дар вазни то 90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ва Виктория Киселёва дар вазни ҷамъи 78 кг рақобатҳои худро баргузор хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио