Ширкатҳои қатарӣ аз миёни беш аз 50 довталаб аз Тоҷикистон танҳо 6 касро ба кор қабул кардаанд

Онҳо ҳам розӣ шудаанд, ки бо $535 маош дар Қатар кор кунанд

Шаҳноз Ализода, asia+

Чанд ширкати қатарӣ дар ду рӯзи мусоҳибаи маҷозӣ бо корҷӯёни тоҷик аз миёни 54 довталаб танҳо 6 касро ба кор қабул кардаанд. Ин шахсон дар як қаҳвахона ба ҳайси пешхидмат ва қаҳваомадакун интихоб шудаанд. Музди маош барои ин вазифаҳо то 5,4 ҳазор сомонӣ аст.

Аз Оҷонсии бокортаъмикунӣ дар хориҷаи Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки корҷӯёни тоҷик баъди омода шудани ҳуҷҷатҳояшон ба Қатар сафар мекунанд.

Манбаъ афзуд, ки дар ду мусоҳибаи маҷозӣ, ки рӯзи 8 ва 14-уми апрел баргузор шуд, ҳамагӣ 54 нафар ширкат карда, бархе баъди фаҳмидани шарту шароит ва музди кор, аз суҳбат бо намояндаҳои ширкатҳои қатарӣ даст кашиданд.

Намояндаи ин ниҳод гуфт, ки музди маош барои вазифаҳои пешхидмат, қаҳваомодакун аз 495 то 535 доллар (ҳудуди 5 – 5,3 ҳазор сомонӣ), мебошад. Пули чиптаро корфармо пардохт карда, корҷӯро бо ҷойи зист ва нақлиёт барои рафтуомад ба кор таъмин мекардааст.

Акси марбут аз саҳифаи Caribou Coffee Qatar

Қаблан, Оҷонсии бокортаъминкунӣ гуфта буд, ки шабакаи қаҳвахонаҳои “Caribou Coffee Qatar” ба 15 корманд барои омода кардани қаҳва, 10 пешхидмат (мард/зан) ва 5 коргар барои тайёркунии “сендвич” ниёз дорад.

Тибқи иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон соли гузашта 500 шаҳрванди кишвар дар Қатар бо кор таъмин шудаанд. Ҳарчанд таваҷҷуҳи ширкатҳои қатарӣ ба корҷӯёни тоҷик зиёд аст, вале шаҳрвандони Тоҷикистон бештар ба хотири шарту шароит ва музди паст кор дар ин кишварро қабул намекунанд.

Бояд гуфт, ки ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Ба маълумоти Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон танҳо дар соли 2025 беш аз 36 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ ва ё бозпас фиристода шудаанд. Мақомот мегӯянд, ки теъдоди тоҷикистониёни ихроҷшуда нисбат ба соли 2024-ум кам, вале аз фурудгоҳу марзҳои ин кишвар бозпасгардонида афзудааст.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт, Кореяи Ҷанубӣ ва Корея мебошад. Танҳо дар соли 2025 беш аз 4 ҳазору 600 корҷӯёни тоҷик ба кишварҳои авропоӣ, арабӣ ва осиёӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.