Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

asia+

Намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки пеш аз сафар ба ин кишвар ҳуҷҷатгузории зарурӣ, аз ҷумла, гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва санҷиши манъи вурудро дар Тоҷикистон анҷом диҳанд.

Ин ниҳод бо нашри як огоҳинома, рӯзи 7-уми апрел гуфтааст, ки ин тадобир, ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа карда, барои будубоши қонунӣ ва бехатари онҳо дар Русия мусоидат мекунад.

Намояндагӣ таъкид кардааст, ки дар шароити пурзӯр шудани назорат ва ворид кардани тағйирот ба қонунгузории Русия, шаҳрвандонро зарур аст, ки пеш аз сафар дар Хадамоти шиносномавию раводиди ВКД-и Русия дар Душанбе, маълумоти биометрӣ – аксбардорӣ ва супурдани изи ангуштон, гузаштан аз ташхиси тиббӣ, санҷиши манъи вурудро анҷом дода, тариқи замимаи мобилии “Госуслуги RuID” ариза пешниҳод кунанд.

“Анҷом додани тартиботи пеш аз сафар ба шумо имкон медиҳад, вақти убури сарҳадро ба таври назаррас кам намоед, раванди воридшавӣ ва расмиёти баъдӣ дар Русияро содда гардонед, дар баъзе ҳолатҳо аз такроран гузаштани расмиёти биометрӣ ва ташхиси тиббӣ худдорӣ намоед, аз рӯзҳои аввали будубош ба талаботи қонунгузории Федератсияи Русия мутобиқ бошед”,-навиштааст намояндагӣ.

Бояд гуфт, ки аз моҳи феврали соли 2026 гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русия имконпазир шуд. Муҳоҷирони корӣ бо пардохти 240 сомонӣ метавонанд, ки муоинаи тиббиро барои гирифтани “патент” дар Тоҷикистон гузаранд.

Созишнома дар бораи гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русияро вакилони тоҷик рӯзи 4-уми март ба тасвиб расониданд.

Ин созишнома 9-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд. Баъдтар онро ҳукумати Русия тасдиқ карда, барои баррасӣ ба Думаи давлатии ин кишвар фиристода буд.

Пештар, муҳоҷирон дар Русия аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд, ки сарсонии зиёд, харҷи зиёди молиявӣ дар пай дошт ва аксаран бо баҳонаи мубталои бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар бозпас мегардониданд.

Бояд гукфт, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши “патент” ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо кор ба муҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.