Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

asia+

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба наворе, ки дар он иддао мешавад, аз истеъмоли доруи кирми рӯда бо номи “Албендазол” вазъи саломатии чанд хонандаи мактаб бад шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд, вокуниш кардаааст.

Чанд рӯз пеш, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он зане бо ишора ба як мактабхони афсурдаҳол мегӯяд, баъди истеъмоли доруи “Албендазол”, ки барои нест кардани кирм пешбинӣ шудаааст, вазъи саломатии як хонандаи мактаб дар ноҳияи Фархор бад шудааст.

Вазорати тандурустӣ дар изҳороте, ки рӯзи 8-уми апрел нашр шуд, ин иддаоро рад карда, дар беморхона бистарӣ шудани кӯдаконро дар пайи истеъмоли ин дору, рад кардааст. Манбаъ навиштааст, баъди баррасии ин навор маълум гардид, ки навори мазкур дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сабт шуда, шахси дар наворбуда ноболиғи 10-сола будааст.

“Ташхиси табибон муайян кард, ки номбурда на дар натиҷаи истеъмоли доруи Албендазол дилбеҳузур ва якбора бемор шудааст, балки номбурда гирифтори бемории диабети қанди навъи 1 будааст, ки омили асосии ин навъи диабети қанд ирсӣ мебошад”,-гуфтааст вазорат.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз 6 то 11-уми апрел “бо мақсади паст кардани сатҳи паҳншавӣ ва сироятёбӣ ба бемориҳои гелминтӣ” дар байни кудакони аз 7 то 14 солаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ “чорабинии фарогирии бекирмгардонӣ бо доруи “Албендазол 400мг”” идома дорад, вале “ягон ҳолати ногувор пас аз истеъмоли он дар байни хонандагон рух надодааст.”

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хостааст, ки “ба ҳар гуна овоза ва ҳангомаҳои беасос нисбат ба хизматрасонии тиббӣ бовар накунанд”.

Ин бори аввал нест, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар робита ба паҳн шудани овозаҳо дар бораи зарари дору вокуниш мекунад. Қаблан, ин ниҳодба овозаҳо дар бораи зарари доруи “Пантогам” вокуниш карда, фавти кӯдаконро дар пайи истеъмоли ин дору, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, беасос хонда буд. Ахиран ин ниҳод, овозаҳо дар мавриди хона ба хона гаштани “як гурӯҳ табибони ношинос”-ро рад карда, навишт, ки дар кишвар “ҳеҷ гурӯҳи номаълуми табибон фаъолият намекунад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.