Ташхису муоинаи ройгони тиббӣ дар Душанбе. Кадоме ройгону кадоме пулакӣ буд?

Гузориши моро аз ду муассисаи тиббӣ хонед.

Шаҳноз Ализода, asia+

Давоми се рӯзи охир, яъне аз 6 то 8-уми апрел дар муассисаҳои давлатии тибби Тоҷикистон маъракаи ташхису муоинаи ройгони сокинон ташкил шуд. Дар ин рӯз сокинон баъзе ташхисҳоро ройгон гузаштанд, вале баъзе озмоишҳо мисли қабл пулакӣ буд. Мо як рӯз ба чанд маркази саломатӣ рафтем ва аз ҷараёни ин маърака гузориш омода кардем.

Кадом ташхисҳо ройгон буданд?

Рӯзи 7-уми апрел барои фаҳмидани номгӯйи ташхисҳои ройгон ва муоинаи тиббӣ ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” рафтем. Аз субҳи барвақт ин ҷо серодам буд ва калонсолону кӯдакон барои гузаштан аз ташхису муоинаи ройгон дар навбат буданд.

Имрон Сафарзода, муовини сардухтури беморхонаи “Истиқлол” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ташхису муоинаи сокинон, аз ҷумла рентген, ултрасадо, доплер, ЭКГ, ЭЭГ, ЭХО, томаграфияи компютерӣ ва ҷарроҳиҳои таъҷилӣ ройгонанд. Вале чун озмоишгоҳи ин беморхона аз салоҳияти он берун будааст, барои таҳлили ройгон маҳдудият будааст.

“Барои таҳлилҳо ба ҷуз бемории қанд “лимит” ҳаст, аз ҷумла, таҳлили хуну пешоб 30 нафар ройгон месупоранд. Дар бахши ҷарроҳии кӯдакон 3 бемори сутунмуҳра, 1 бемори кӯррӯда ва дар бахши калонсолон 4 ҷароҳии ройгон гузаронида мешавад. Ин нафарон камбизоат ҳастанд”,-гуфт номбурда. 

Ба Азия-Плюс муяссар нашуд, ки бо бемороне, ки ба гуфтаи масъулин ройгон ҷарроҳӣ мешаванд, суҳбат кунад. 

Озмоишгоҳ хусусӣ аст…

Тавре масъулини беморхона мегӯянд, қабули сокинон аз соати 8:00 оғоз шуда, то соати 14:00 ройгон ба роҳ монда шуд. 

Сокинон нахуст аз қабулгоҳ роҳхат гирифта, ба муоинаи духтурон ҳозир мешуданд. Ин ҷо пизишкони бемориҳои дил, гӯшу гулӯ ва бинӣ, пизишки умумӣ, кӯдакон, ҷарроҳ, асабшинос, уролог шаҳрвандонро муоина карда, барои ташхис равон мекарданд. 

Шаҳло Ибодова, зани миёнсоле, ки саросема аз пайи ташхиси духтару келинаш буд, аз ройгон будани баъзе хидматрасониҳои тиббӣ хушҳол буд, вале аз ҷониби дигар нигарон буд, ки озмоишҳо мисли қабл пулакӣ аст.

“Ҷавоби ташхисро интизорем, ройгон рентгин кардем, узӣ ҳам кардем, вале таҳлили умумии хун супоридем пулакӣ, 25 сомонӣ гирифтанд. Духтару килинамро овардам, онҳо маъюби гурӯҳи дуюм ҳастанд, бо пешниҳоди ҳуҷҷат қандро ройгон супоридем. Ройгон мегӯянд, вале то ҳуҷҷати маъюбият пешниҳод накунӣ, ташхис намекунанд”,-нигаронӣ кард Ибодова. 

“Барои камбағалон ин иқдом хуб аст”

Ҷавонзани дигар, ки барои табобати писараш аз ноҳияи Данғара ба шаҳри Душанбе омадааст, мегӯяд дар пайи ташкили маъракаи ташхису муоинаи ройгон имкон ёфт то аз баъзе ташхисҳо гузарад. 

“Шушу миёнамро рентген мекунам, чанд вақт буд, дардро эҳсос мекардам, вале бо сабаби камбизоатӣ имкони ба духтур муроҷиат карданро надоштам. Писарам бемор аст, ҳама маблағ барои табобати ӯ сарф мешавад. Фаҳмидам, ки имрӯз ройгон будааст, хушҳол шудам, ин иқдом хуб аст, мисли мо камбағалҳо имкон меёбанд аз ташхису моина гузаранд”, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо. 

Фаридун Норов, ҷарроҳи ин беморхона афзуд, ки дар доираи маърака як кӯдаки 8-соларо, ки бемории модарзодии қалб дорад, ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ин кӯдаки хурдсол аз вилояти Хатлон буда, бо сабаби камбизоатӣ хонаводааш имкони ҷарроҳии ӯро надоштаанд. Ба кавли ҷарроҳ, арзиши чунин ҷарроҳӣ 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Мо кӯдакро “ЭХО” кардем, дардашро муайн кардем, ҳамаи ташхисҳои лозимиро анҷом додем. Дар ошёнаи якуми дилаш 1 сантиметр сӯрохӣ дорад. Имрӯз қалби ӯро бе буриши ҷисм ҷарроҳӣ мекунем ва пагоҳ мураххас мешавад”,- афзуд ҷарроҳ. 

Ба мо имкон даст надод то бо модари ин кӯдак суҳбат кунем ва дар бораи вазъи фарзандаш пурсон шавем. 

“Барои таҳлил “лимит”-ро зиёд кунед”

Дар Маркази саломатии шаҳри №15 низ сокинони зиёде барои гузаштан аз ташхиси ройгон ҷамъ омада буданд. Тавре мушоҳида кардем, дар ин ҷо ташхисҳои ултрасадо (УЗИ), кори дил (ЭКГ), бемориҳои гӯшу гулӯ, асаб ва машварати пизишкон ройгон буд.

Тоҳир Ғайратзода, директори ин марказ мегӯяд, имрӯз хазинаи маркази саломатӣ баста буда, пизишкону мутахассисон то 17:00 ҳамаи ташхисҳо, аз ҷумла, рентген, ултрасадо, ЭКГ-ро ройгон пешниҳод мекунанд. 

“Дар даромадгоҳ аввал вазну қади беморро мебинанд, баъдан духтури оилавӣ ӯро муоина карда, аз рӯйи нишондод ба назди мутахассис мефиристад. Мо ташхисҳои гаронарзиш танҳо рентген, УЗИ, ЭКГ дорем, ки ҳамаашон ройгонанд”,-гуфт номбурда.

Дар ин ҷо низ барои таҳлили ройгон маҳдудият гузошта буданд. Дар пайи шикояти сокинон аз пулакӣ будани озмоишҳо садои масъуле шунида шуд, ки мегуфт, барои таҳлил “лимит”-ро зиёд кунед.  

Чанд пизишк гуфтанд, “ин озмоишгоҳ дар маркази мо фаъолият мекунад, вале ба “ҶСП Беҳдоштӣ” итоат мекунад. Ҳоло барои таҳлилҳои хуну пешоб, қанд ва гемоглобини хун, дар алоҳидагӣ аз 10 то 25 касро ройгон озмоиш мекунанд. Дар ҳамаи муассисаҳои тибби шаҳри Душанбе ҷамъият  ҳамин қадар “лимит” муайян кардааст”.

Бояд гуфт, ки ташхису муоинаи ройгон дар муассисаҳои тиббии кишвар аз 6-уми апрел оғоз шуда, то 8-уми апрел дар доираи “Ҳафтаи саломатӣ  ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ” идома кард.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар рӯзи аввали маърака, дар “Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Тоҷикистон” беш аз 5 ҳазору 600 кас ройгон ташхису муоина шуданд. 

Соли гузашта низ дар доираи  Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, то нисфирӯзӣ дар бархе аз муассисаҳои давлатии тиббии Тоҷикистон сокинон ройгон ташхису муоина шуданд. Вале сокинон аз пурра ройгон набудани озмоишҳо ва таҳлилҳои гаронарзиш нигаронӣ карда буданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.