Чӣ бояд кард, агар номи шумо дар “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-и ВКД-и Русия бошад?

Мақомоти Русия “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро нашр кард. Дар он номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират гумонбар мешаванд, зикр шудааст. Ин рӯйхат дар доираи низоми нави ихроҷ, ки аз 5-уми феврали соли 2025 татбиқ мегардад, таҳия шудааст. Баъди нашри ин рӯйхат Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Мақомоти Русия “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро нашр кард. Дар он номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират гумонбар мешаванд, зикр шудааст.

Ин рӯйхат дар доираи низоми нави ихроҷ, ки аз 5-уми феврали соли 2025 татбиқ мегардад, таҳия шудааст.

Баъди нашри ин рӯйхат Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки номи худро дар ин рӯйхат санҷанд, то аз мушкили эҳтимолӣ канорагирӣ кунанд. 

Рӯйхати мазкур дар сомонаҳои Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷойгир шудааст. Онҳое, ки мехоҳанд будан ё набудани номи худро дар феҳристи тартибдодаи ВКД-и Русия фаҳманд, метавонанд аз сомонаҳои мазкур ё аз Telegram-боти “Азия-Плюс” – @apnamecheck_bot истифода кунанд.

 

“Чӣ бояд кард, агар номи ман дар рӯйхат бошад?”

Ҳамчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои шаҳрвандони дар рӯйхат қарордошта дастуралмал тартиб додааст.

Тибқи ин дастурамал, шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд то 5-уми феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати Русия муроҷиат намуда, худро ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд. Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан, шаҳрванд ба таври худкор ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳад.

Агар шумо дар рӯйхати мазкур қарор дореду аллакай Русияро бо хоҳиши худ тарк кардаед, ихроҷ шудаед ё дар қаламрави Тоҷикистон ё дигар давлат қарор доред ва мехоҳед номатонро аз ин рӯйхат берун кунед, метавонед нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо нишон додани муҳри убури сарҳад ба мақомоти муҳоҷирати ҷойи зисти худ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намоед.

Агар шумо шаҳрвандии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Россияро дошта бошед ё дар ҳудуди Русия қонунӣ фаъолияти меҳнатӣ менамоед, вале бо вуҷуди ин дар рӯйхат қарор доред, ҳатман нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия пешниҳод намоед.

Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия тавассути телефонҳои зерин муроҷиат намоянд:

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия:

Минтақаи марказӣ (вилояти Москва)

1. Азимӣ Дилрабо Амирқул + 7 (495) 967-98-44 [email protected] 

2, Вализода Назаралӣ Нуралӣ +7 (967) 271-02-02 [email protected] 

3. Холназаров Ромиш Имомназарович +7 (929) 540-88-88 [email protected] 

4. Зарифов Бахтиёр Тугайевич +7 (495) 967-98-44 .[email protected] 

5. Дӯстов Комрон Сайдаҳмадович+7 (988) 676-00-00 [email protected] 

6. Амирхонзода Субҳон Баҳрон +7 (966) 031-22-22 [email protected] 

7. Холов Довар Мирзоёрович +7 (936) 174-19-92 [email protected] 

Минтақаи Урал, минтақаи Сибир

Юсуфалиев Баҳром Равшанхонович+7(929) 388-54-11 [email protected] 

Минтақаи Приволжск

Қурбонализода Зафар Қурбоналӣ +7 (926) 311-52-53 [email protected] 

Минтақаи шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург)

Ҷонмаҳмадов Фурӯзон Фархудинович

+7 (977) 963-25-69 [email protected] 

Минтақаи ҷанубӣ (Краснодар)

Мирзозода Хуршед Насриддин +7 (996) 120-77-77 [email protected] 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.