Одамкушӣ дар соли 1992. Бо гумони қатли роҳбари Корхонаи коркарди нуриҳои минералии Ёвон ду гумонбар дастгир шуданд

Пулиси пойтахт ду нафарро бо иттиҳоми одамкушӣ дар соли 1992 боздошт карда, гуфтааст, онҳо барои қатли роҳбари Корхонаи коркарди нуриҳои минералии ноҳияи Ёвон гумонбаранд. Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД Душанбе), аввали моҳи декабри 1992 Фахриддин Назаров, соли таваллудаш 1967 ва Ашур Намозов, соли таваллудаш 1960, ҳарду сокинони ноҳияи Ёвон ба […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Пулиси пойтахт ду нафарро бо иттиҳоми одамкушӣ дар соли 1992 боздошт карда, гуфтааст, онҳо барои қатли роҳбари Корхонаи коркарди нуриҳои минералии ноҳияи Ёвон гумонбаранд.

Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД Душанбе), аввали моҳи декабри 1992 Фахриддин Назаров, соли таваллудаш 1967 ва Ашур Намозов, соли таваллудаш 1960, ҳарду сокинони ноҳияи Ёвон ба ҷинояти одамкушӣ даст задаанд.

Гумонбаршудагон Хоҷаев Исломи он замон 48-сола ва ба гуфтаи манбаъ, роҳбари корхонаи коркарди нуриҳои минералӣ дар ноҳияи Ёвонро аз манзили истиқоматиаш рабуда, бо автомати тамғаи “Калашников” ба ҳалокат расонида, мошини ВАЗ – 23 06-ро тасарруф намудаанд.

РВКД Душанбе гуфтааст, ки тӯли 32 сол гумонбаршудагон имкон доштанд, ки ба ҷинояти содиркардаи худ иқрор шуда, гуноҳи худро сабук созанд, вале ҳозир ба ин кор нашудаанд.

Ҷинояти мазкур аз ҷониби кормандони Шӯъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ошкор шудааст ва гумонбаршудагон дар навор иқрор гардидаанд, ки ҷинояти мазкурро содир кардаанд.

Аммо маълум нест, ки иқрори онҳо таҳти кадом шароит гирифта шудааст ва назари пайвандонашон ҳам ба мо дастрас нест.

Ҳоло нисбати Фахриддин Назаров ва Ашур Намозов бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст ва гуфта мешавад, ки тафтишоти парванда дар Додситонии куллии Тоҷикистон идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар 6 моҳи соли равон додситонии вилояти Хатлон якҷо бо гурӯҳи фаврии ВКД ва зерсохторҳои он дар вилоят 4 ҷинояти кушору ғоратгарии солҳои пеш содиршударо ошкор кард ва муттаҳамонро ба додгоҳ супоридаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.