33 голи футболбозони навраси тоҷик ба дарвозаи Гуам

Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дарвозаи дастаи яккачини Гуамро голборон кард. Ин рақобат дар кишвари Сингапур баргузор гардида, бо натиҷа 33 бар 0 ба фоидаи Тоҷикистон поён ёфт. Наврасони тоҷик 17 голи ин вохӯриро дар 45 дақиқаи қисми аввал ба самар расонданд. Баъди ин ғалабаи бузург […]

Asia-Plus

Тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дарвозаи дастаи яккачини Гуамро голборон кард.

Ин рақобат дар кишвари Сингапур баргузор гардида, бо натиҷа 33 бар 0 ба фоидаи Тоҷикистон поён ёфт. Наврасони тоҷик 17 голи ин вохӯриро дар 45 дақиқаи қисми аввал ба самар расонданд.

Баъди ин ғалабаи бузург футболбозони навраси тоҷик соҳиби се имтиёз ва садрнишини гурӯҳи “J” шуданд. Дар бозии навбатӣ наврасони кишвар бо ҳамтоёни худ аз Сингапур дидор анҷом медиҳанд. Баргузории ин бозӣ рӯзи 25-уми октябр дар назар аст.

Бозии охирини тими миллии наврасони то 17-солаҳои кишвар дар гурӯҳи “J” бо Уммон рӯзи 27-уми октябр хоҳад буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.