Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Баъди ин пирӯзӣ, дастаи мо ба даври 1/4-ниҳоии мусобиқа ва барои чаҳорумин бор дар таърих ба Ҷоми ҷаҳон миёни наврасон роҳхат гирифт. Имсол ин мусобиқа моҳи ноябр дар Қатар сурат мегирад.

Набарди миллипӯшони навраси тоҷик бо ҳамтоёнашон аз Мянмар дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шуда, чанд лаҳза пеш поён ёфт. Ягона голи ин бозиро Асадбек Махтумов аз ҳайати тими мо дар дақиқаи 28-ум ба самар расонд.

Дар рақобати дигари гурӯҳи “А”-и Ҷоми Осиё миёни наврасон, ки Тоҷикистон ҳам шомили он аст, Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:0 Тайландро ноком кард.

Пас аз ду давр, Тоҷикистон ва Саудӣ ҳар кадом 6 имтиёзӣ дошта, дар зинаҳои дуюм ва якуми гурӯҳи “А” қарор доранд. Мянмар ва Тайланд бидуни ба даст овардани хол ҷойҳои сеюм ва чорумро касб кардаанд.

Дар бозии охири марҳилаи гурӯҳӣ наврасони тоҷик рӯзи 12-уми май ба масофи Арабистони Саудӣ мераванд.

Бояд гуфт, қаблан тимҳои миллии наврасони Тоҷикистон дар солҳои 2007, 2019 ва 2026 ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.