Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Шаҳноз Ализода, asia+

Мақомоти интизомии пойтахт беш аз 40 ронандаро, ки ба гуфтаи онҳо ғайриқонунӣ ба кирокашӣ машғул буданд ва ё ба истилоҳ таксиҳои “10 сомонӣ” меронданд, ҷарима карда, фаъолияти онҳоро дар ин самт манъ кардаанд.

Дар ин бора Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА)-и ВКД бюо пахши як гузориш хабар дода, гуфтааст, ки дар пайи як амалиёти махсус нисбати ҳамаи онҳо парвандаи маъмурӣ боз карда, мошинҳояшонро ба ҷаримагоҳ бурдаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳадафи амалиёт “пешгирӣ аз фаъолияти кишрокашии ғайриқонунӣ ва таъмини бехатарии сокинон мебошад”.

Раҳматшо Ҳусейнзода, муовини сардори БДА дар ин гузориш гуфтааст, ки фаъолияти кирокашҳои истилоҳ “10-сомонӣ” дар пойтахт “ба мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст”.

“Онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе боиси ба вуҷуд омадани тамбашавии ҳаракат дар роҳ мегарданд. Аз ҷумла дар ҷойҳои манъшуда, махсусан дар истгоҳҳои нақлиёти мусофирбар, чорроҳа ва гузаргоҳҳои пиёдагард воситаи нақлиётро ба муддати тӯлонӣ нигоҳ дошта, ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеа эҷод мекунанд”, – гуфтааст Ҳусейнзода.

Ин мақомдори тоҷик зикр кардааст, ки беш аз 40 кирокаш барои машғул шудан ба фаъолияти ғайриқонунии мусофирбарӣ, аз ҷумла бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки ин ҳуҷҷатҳоро талаб мекунад (моддаи 510-и КҲМ) парвандаи маъмурӣ боз шуда, ҷазо гирифтаанд.

Раҳматшо Ҳусейнзода. Намогирифт аз гузориши БДА

Ин моддаи қонунгузорӣ ба шахсони воқеӣ то 1 ҳазору 560 сомонӣ (аз 5 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои соҳибкороне, ки бо патент кор мекунанд то 2 ҳазору 340 сомонӣ (аз 15 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва соҳибкороне, ки бо шаҳодатнома фаъолият мекунанд то 23 ҳазору 400 сомонӣ (аз 50 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Назари ронандагон дар робита ба ин қазия маълум нест.

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ “барои пешгирӣ аз фаъолияти кирокашҳои ғайриқонунӣ санҷишу рейдҳо мегузаронанд”. 

Бояд гуфт, “шикор”-и таксҳои “10 сомонӣ” баъди он оғоз шуд, ки чанд рӯз пеш “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ниҳоди масъули танзим ва назорати нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт аз сокинону меҳмонони Душанбе хост, ки аз таксиҳои “10-сомонӣ” савор нашаванд ва ба ҷойи он аз таксиҳои расмӣ истифода баранд.

Ин ниҳод ҳадафи ин талаби худро “таъмини ҳифзи ҳаёту саломатии мусофирон ва пешгирии садамаҳо” маънидод кард.

Дар пайи ин дархост корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки истифодаи таксиҳои ба истилоҳ “10 сомонӣ” барояшон қуллай буда, аз нигоҳи молиявӣ имкони истифода аз хидматрасонии кирокашҳои расмиро надоранд. Бар замми ин, онҳо шикоят карданд, ки аксаран соҳибони таксҳои расмӣ ҳам дар хатсайри таксиҳои “10 сомонӣ” кор мекунанд.

Қаблан низ ниҳодҳои масъул барои ҷилавгирӣ аз кори кирокашҳои мазкур иқдом карда буданд, вале то кунун фаъолияти онҳо дар пойтахт танзим нашудааст.  Бархе ронандаҳои чунин навъи кирокашҳо мегӯянд, ки мушкили пайдо кардани кори муносиб онҳоро маҷбур мекунад, ки ба мусофирбарӣ машғул шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова