Ду корманди бахши тиб дар Норак, ки ба тасарруфи беш аз ним млн сомонӣ гумонзад буданд, қариб 100 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд

Онҳо ҳамчунин, маблағи тасарруфкардаро ба буҷет баргардонидаанд.

Шаҳноз Ализода, asia+

Додгоҳи шаҳри Норак Сироҷиддин Боев ва Муҳиддин Ядгоров, сармуҳосиб ва мудири анбори Кумаки аввалияи тиббиву беҳдоштии ин шаҳрро, ки ба тасарруфи беш аз 530 ҳазор сомонӣ пули буҷет гумонзад буданд, аз 45 то 52 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бастааст. 

Дирӯз,15-уми апрел Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар дод, ки Сироҷиддин Боев тайи солҳои 2022-2025 дар умум 530 ҳазору 50 сомонӣ пули буҷетро, дар ҳисоботҳо ҳамчун пардохтҳои иттифоқи касаба ва суғуртаи кормандон навишта, ин пулро ба суратҳисоби Муҳиддин Ядгоров гузаронида, бо кумаки ӯ ин маблағро аз худ кардааст.

Аз Додгоҳи шаҳри Норак имрӯз, 16-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳукми онҳо рӯзи 10-уми марти имсол содир шуда, додгоҳ онҳоро ба азхудкунӣ ё исрофкорӣ ва сохтакории хидматӣ (моддаҳои 245, қисми 4 банди “б” ва 323-и КҶ) гунаҳкор дониста, нисбати Боев 52 ҳазору 500 ҳазор сомонӣ (700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо- бо ҳисоби 2025) ва Ядгоров 45 ҳазор сомонӣ (600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – бо ҳисоби 2025), ҷарима таъин кардааст.

Намояндаи додгоҳ илова кард, ки ҳарду муттаҳам маблағи тасарруфшударо ба буҷети кишвар баргардонидаанд. Вале маълум нест, ки онҳо маблағи ҷаримаро ҳам пардохтаанд ё не.

Назари онҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Бояд гуфт, ки фасодкорӣ ва қаллобӣ дар сохторҳои тандурустии Тоҷикистон ҳодисаи нав набуда, қаблан низ борҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, чанде пеш Оҷонсии зиддифасод хабар дод, ки Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷет гумонзад аст. Рӯзи 6-уми март Додгоҳи ноҳияи Варзоб, Сиддиқовро гунаҳкор дониста ба 11 соли зиндон маҳкум кард.

Пештар, Фаррух Мақсудзода, сардори пешини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, бо иттиҳоми гирифтани пора, се моҳ ҳабс ва бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шуд.

Тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасод, соли гузашта 1 ҳазору 979 ҷинояти коррупсиониро нисбати 1 ҳазору 207 нафар ошкор кардаанд, ки дар натиҷаи он 819 парвандаи ҷиноӣ алайҳи 1 ҳазору 59 тан оғоз ва барои баррасӣ ба додгоҳҳо ирсол шудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.