Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст

Фаррух Мақсудзода, сардори пешини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, ки бо иттиҳоми гирифтани пора, се моҳ  пеш боздошт шуда буд, бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шудааст. Дар ин бора, Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ дар Додгоҳи вилояти Суғд иттилоъ дода, навиштааст, ҳукми ӯ рӯзи 6-уми марти соли равон содир шудааст. […]

Asia-Plus

Фаррух Мақсудзода, сардори пешини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, ки бо иттиҳоми гирифтани пора, се моҳ  пеш боздошт шуда буд, бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шудааст.

Дар ин бора, Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ дар Додгоҳи вилояти Суғд иттилоъ дода, навиштааст, ҳукми ӯ рӯзи 6-уми марти соли равон содир шудааст.

“Дар маҷмуъ, бо назардошти рӯзҳои дар ҳабс буданаш, 300 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Бинобар барқарор кардани зарар нисбат ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ ва ӯ аз боздошт озод гардид,” – гуфтааст манбаи ин расона.

Худи Мақсудзода дар як тамоси телефонӣ ба ин хабаргузорӣ озодияшро тасдиқ карда, аммо ҷузъиёти бештар надодааст. Ӯ гуфтааст аз ҳукми додгоҳ розӣ аст ва кӯшиши дарёфти кор дар ягон беморхонаи хусусиро дорад.

Мақомот, то ҳол қазияи раҳоии сардори пешини Раёсати тандурустии вилояти Суғдро расман шарҳ надодаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Ба гирифтани пора муттаҳам мешавад”. Тафсилоти боздошти сардори Раёсати тандурустии Суғд

Бояд гуфт, хабари боздошти Фаррух Мақсудзода моҳи декабри соли 2025 расонаӣ шуд, вале он вақт мақомоти расмӣ ин қазияро шарҳ надоданд. 

Баъдтар, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ боздошти зердасташро тасдиқ кард, аммо таъкид кард, ки “шояд боздошти ӯ ба фаъолияти шахсияш рабт дошта бошад”.

Диловар Мирзоҳомидзода,  раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд низ, 11-уми феврал дар нишасти матбуотӣ боздошти Мақсудзодаро шарҳ дода гуфт, алайҳи ӯ бо қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятӣ барои “гирифтани пора”  парванда боз шудааст.

Вале нагуфт, ки Мақсудзода кай ва чӣ миқдор пора гирифтаву аз ҷониби кадом сохтор боздошт шудааст. Танҳо афзуд, ки аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба мақомоти таштишоти пешакӣ ҷиҳати ҳабси пешакии ӯ иҷоза додааст. Ба гуфтаи ин ниҳод Мақсудзода рӯзи 17-уми декабри соли 2025 дастгир шудааст.

Тибқи моддае, ки Мақсудзода айбдор мешуд ба вай аз 284 ҳазору 700 то 711 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол таҳдид мекард.

Бояд гуфт, Фаррух Мақсудзода тобистони соли 2025 ба вазифаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъин шуда буд. Вай як давраи гузашта ҳам дар ин симмат кор кард ва дар байн сардухтури беморхонаи вилоятӣ буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.