Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Мунтахаби муштзанони Тоҷикистон дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон, ки аз 18 то 27-уми апрел таҳти сарпарастии “World Boxing” дар Бразилия баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Дар ин мусобиқот, 4 варзишгар дар вазнҳои гуногун ширкат мекунанд:

  • Меҳроҷ Сӯфиҷонов (55 кг);
  • Дамир Муйбалихонов (60 кг);
  • Муродҷон Ашӯралиев (70 кг);
  • Рамоил Қурбонов (80 кг).

Дастаро мураббӣ, Асомиддин Бурҳонов роҳбарӣ мекунад.

Мусобиқа ба силсилаи се марҳилаи Ҷоми ҷаҳон шомил аст. Баъди марҳила дар Бразилия, мусобиқаҳои силсила дар Чин идома ёфта, сипас 8 муштзани беҳтарин дар ҳар як вазн ба марҳилаи финалӣ моҳи ноябр дар Тошканд роҳхат мегиранд. Маҳз дар пойтахти Ӯзбекистон боксчиёни беҳтарин дар силсилаи нави ҷаҳонӣ муайян карда мешаванд.

Низоми радабандӣ дар мусобиқа аҳамияти хосса дорад. Аз рӯи натиҷаҳои ҳамаи се силсила радабандии ҷаҳонии муштзанон таҳия шуда, тавре ки интизорӣ меравад, нишондиҳандаи муҳимтарини интихоб ба Бозиҳои олимпии соли 2028 мешавад. Ҳамин тариқ, ҳар як ҳунарнамоӣ дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон мустақиман ба ояндаи варзишгарон таъсир мерасонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.