Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муҳаммад Назар, asia+

Дар пайи танишҳо дар Ховари Миёна, Русия 632 кормандашро аз Эрон хориҷ кардааст, ки дар миёни онҳо 27 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам будааст. Ҳамаи онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии “Бушаҳр” кор мекардаанд.

Дар ин бора хабаргузории “РИА Новости” бо такя ба Андрей Жилтсов, консули Русия дар Исфаҳони Эрон хабар дод. Мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид изҳори назар накардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин коргарон бо 4 парвози махсус ба Русия бозгардонида шудаанд. Ба ҷуз шаҳрвандони Русияву Тоҷикистон, дар миёни онҳо шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла, Белорус, Арманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ қарор доштаанд.

Хабаргузории давлатии ТАСС қаблан навишта буд, ки дар нерӯгоҳи мазкур 20 корманди дигари Русия боқӣ мемонанд, аз ҷумла, “мудири шуъбаи мо, муовинони ӯ, нерӯҳои амниятӣ, коргарони таъмир ва нигоҳдорӣ, ки барои бехатарии таҷҳизот масъуланд”. Маълум нест, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доранд, ё не.

Нерӯгоҳи ҳастаии “Бушаҳр”-и Эрон, ки дар ҳамкорӣ бо Русия бунёд ёфтааст, дар ҷараёни ҷанги ахири Амрикову Исроил дар Эрон дасти кам 4 мартиба мавриди ҳамла қарор гирифт. Рафаэл Гроссӣ, мудири Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ аз ин ҳамлаҳо изҳори нигаронӣ кард, вале онҳоро маҳкум накард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.