Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арзиши таблиғи молу маҳсулот, ки дар роҳҳои асосии мошингарди кишвар ҷой дода мешаванд, аз тақрибан 4 то қариб 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ин меъёр дар асоси қарори ҳукумати кишвар аз моҳи сентяби соли 2025 муқаррар гардидааст ва “Азия-Плюс” нав бо он шинос шуд.

Мувофиқи он, меъёри пардохт барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷӣ фарқ карда, ҳамчунин аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Дар роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ

Аз рӯйи меъёре, ки ҳукумати кишвар муайян кардааст, маблағи пардохт барои барои сокинони кишвар, ки  мехоҳанд дар роҳҳои асосии Тоҷикистон (роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, ки 2-4 хат доранд) дар масоҳати аз 16 то 24 метри мураббаъ таблиғ ҷойгир кунанд, 3 ҳазору 744 сомонӣ (48 нишондиҳанда)-ро ташкил медиҳад. Ин меъёр барои хориҷиён 9 ҳазору 360 сомонӣ (120 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) аст.

Акси марбут аз саҳифаи фейсбуки TajArt.tj

Агар масоҳати таблиғ аз 8 то 16 метри мураббаъро ташкил диҳад, ин меъёр барои шаҳрвандони Тоҷикистон 2 ҳазору 496 сомонӣ аст. Барои касоне, ки аз хориҷа дархост мегузоранд, 6 ҳазору 240 сомонӣ мебошад.

Барои ҷойгир кардани таблиғ дар масоҳати то 8 метри мураббаъ дар чунин роҳҳо бошад, шаҳрвандони кишвар 1 ҳазору 248 сомонӣ ва хориҷиён 3 ҳазору 120 сомонӣ пардохт мекунанд.

Дар роҳҳои маҳаллӣ

Дар роҳҳои маҳаллӣ, ки танҳо 1-2 хат барои ҳаракати нақлиёт доранд (роҳҳои категорияи 4) арзиши ҷойгир кардани таблиғ дар масоҳати аз 16 то 24 метри мураббаъ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 1 ҳазору 872 сомонӣ ва барои хориҷиён 4 ҳазору 680 сомонӣ аст.

Агар масоҳати таблиғ аз 8 то 16 метри мураббаъро ташкил диҳад, сокиноин кишвар 1 ҳазору 248 сомонӣ ва хориҷиён 3 ҳазору 120 сомонӣ бояд пардохт кунанд.

Арзиш таблиғе, ки дар масоҳати то 8 метри мураббаъ дар чунин роҳҳо ҷойгир карда мешаванд, барои тоҷикистониҳо 624 сомонӣ ва барои шаҳрвандони хориҷӣ 1 ҳазору 560 сомонӣ аст.

Акси марбут аз сомонаи somon.tj

Дар роҳҳои хурд ва иловагӣ

Мувофиқи меъёри муқарраршуда, дар роҳҳои хурд ва иловагӣ (категорияи 5), агар дар масоҳати 16-24 метри мураббаъ таблиғ ҷойгир карда шавад, шаҳрвандони Тоҷикистон 936 сомонӣ ва хориҷиҳо 2 ҳазору 340 сомонӣ  месупоранд.

Дар масоҳати 8-16 метри мураббаъ бошад, барои таблиғ дар чунин роҳҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон 624 сомонӣ ва хориҷиён 1 ҳазору 560 сомонӣ ситонида мешавад.

Барои ҷойгир кардани таблиғ дар масоҳати то 8 метри мураббаъ дар ин роҳҳо, тоҷикистониён 312 сомонӣ ва хориҷиён 780 сомонӣ бояд супоранд.

Гуфта намешавад, ки ин маблағ барои чанд муддат пахш кардани таблиғ пардохта мешавад: як моҳ ё як сол.

Аммо дар Қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” ишора мешавад, ки “на камтар аз маблағи пардохт барои як моҳи тақвимӣ барои ҳар як моҳи тақвимии оғозёфта муайян карда мешавад”.

Тартиби пардохти маблағи таблиғи беруна дар қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” муқаррар шудааст. Масъули насбу назорати таблиғ дар роҳҳо муассисаи рекламаи берунӣ мебошад.

Мувофиқи қонун “Дар бораи реклама” таблиғи берунӣ бояд бо аломатҳои роҳҳо ва нишонаҳо мушобеҳ набошад. Ҳамчунин дидани онҳоро халалдор накарда, ба бехатарии ҳаракат дар роҳ низ бояд монеъа эҷод накунад.

Он дар шакли овеза, номалавҳа ё тахтаҳои иттилоотӣ бояд дар болои роҳи мошингард ё аз тарафи рости роҳ бояд ҷойгир карда шавад.

Бояд гуфт, ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  қонунеро имзо кард, ки дар асоси он, акнун дар Тоҷикистон эълону реклама, лавҳаю овеза, нархнома, борчаспҳо, навиштаҷот ва маводи дигари аёнии иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ бояд мунташир шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.