ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд.
Соли 1957 – Аввалин Нерӯгоҳи барқию гармидиҳии (ТЭЦ) Душанбе ба фаъолият оғоз кард. Ин нерӯгоҳ яке аз аввалин ва муҳимтарин манбаъҳои таъмини нерӯи барқ ва гармидиҳӣ барои пойтахти Тоҷикистон буд.
Соли 2017 – Дар Душанбе нахустин мусобиқаи бокси занона бо шиори “Баробар бо мардони қавӣ” баргузор шуд.
Соли 2020 – Парлумон муроҷиати ҳукуматро барои ҷалби маблағ ба хотири пӯшонидани касри буҷаи давлатӣ тасдиқ намуд. Муроҷиат дар асоси ҳолати иқтисодии кишвар ва зарурати пӯшонидани хисороти буҷет дар пайи таъсири пандемияи COVID-19 ва дигар омилҳои иқтисодии пешомада қабул шуд.
Соли 2020 – Сокинони ВМКБ аз ҳукуматҳои маҳаллӣ талаб карданд, ки аз болоравии нархи маводи хӯрока ҷилавгирӣ кунанд.
Соли 2020 – Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйир иловаҳо ба қонун “Дар бораи литсензиядиҳии намудҳои алоҳидаи фаъолият” қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, арзиши литсензия барои тотализаторҳо, ломбарду букмекерҳо ва бозии лото афзоиш ёфт.
Соли 2020 – Парлумон созишномаи Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Помир Энерҷӣ”-ро оид ба кӯмаки бебозгашт ба маблағи 25,2 миллион доллар барои барқрасонии деҳот дар ВМКБ тасдиқ кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1933 – Мавлуди Нуралӣ Айюбӣ, шоир ва нависандаи тоҷик.
Соли 1947 – Зодрӯзи Абдураҳмон Тошматов, оҳангсози тоҷик.

Абдураҳмон Тошматов cоли 1964 Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизро хатм намуда, соли 1969 таҳсилотро дар Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М.Ашрафӣ ба итмом расонидааст.
Яке аз аввалин асарҳои ӯ Пийеса барои ғиҷҷак ва фортепиано мебошад. Ӯ минбаъд дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, дар оркестри созҳои халқии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Дар ин давра А.Тошматов қариб 30 асар барои оркестри созҳои миллӣ эҷод кардааст.
Соли 1974 А.Тошматов роҳбари бадеии Театри мусиқии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин мегардад. Баъдан дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз ба фаъолият пардохта, як муддат муовини директор оид ба илм будааст.
Самти асосии эҷодиёти Тошматов мусиқӣ барои оркестри созҳои миллӣ, асарҳо барои хор, мусиқии камеравии вокалӣ ва созӣ, асарҳо барои бачагон мебошад.
Соли 1948 – Мавлуди Абдусамад Самиев, фалсафашинос, доктори илмҳои фалсафа, профессор.
Соли 1957 – Мавлуди Шариф Самӣ, раиси пешини ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Соли 1950 – Зодрӯзи Рустам Болтаев, соҳибкори тоҷик, муассис ва роҳбари ҶСК “Оби Зулол”.
Соли 1961 – Зодрӯзи Маҳмадамин Маҳмадаминов,собиқ вазири меҳнат ва намояндаи пешини Тоҷикистон дар СММ.

Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 1988, ӯ фаъолияти худро дар сохторҳои ҷавонон оғоз кард ва то соли 1991 дар вазифаҳои баланди комсомоли Тоҷикистон ифои вазифа кард.
Солҳои 1993-2003 барои ӯ давраи сайқали маҳорати менеҷерии байналмилалӣ буд, зеро ҳамчун менеҷери кулли Барномаи Бунёди Оғохон дар Покистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон фаъолият карда, дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ саҳм гузошт.
Барои такмили ихтисос ӯ роҳи Амрикоро пеш гирифт ва солҳои 2001-2004 дар Донишгоҳи бонуфузи Ҷон Хопкинс дар риштаи иқтисод ва молия таҳсил карда, дертар унвони номзади илмҳои иқтисодиро ҳам ба даст овард.
Донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, русӣ, арабӣ ва олмонӣ ба ӯ имкон додааст, ки дар муколамаҳои ҷаҳонӣ ҳамчун як мутахассиси озодфикр ва мустақил баромад кунад.
Соли 2005 ба ин сӯ дар ҳукумат мақоми баландро соҳиб шуд ва дар низоми иқтисодиву иҷтимоӣ ба сатҳи роҳбарӣ расид. Аз ҷумла, солҳои 2005-2010 Маҳмадаминов роҳбарии “Амонатбонк”-ро ба зимма дошт.
Бо назардошти таҷрибаи идоракунӣ, соли 2010 ӯ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин мақом ӯ на танҳо ба масъалаҳои дохилӣ, балки ба муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар конфронсҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард.
Дар зимн, ӯ аз ҷумлаи аввалин вазирони тоҷик буд, ки дар ҳамоишҳои байналмилалӣ бо забони англисии равон сухан ронда, қолабҳои протоколиро ба қавле мешикаст.
Давраи дурахшонтарини фаъолияти ӯ аз январи соли 2014 оғоз шуд, вақте ки ӯ намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъйин шуд. Ба гуфтаи дӯстонаш, агар аз як сӯ таҷрибаи кориаш ба инобат гирифта шуда бошад, аз сӯйи дигар боз ҳам донистани чанд забон, ба вижа англисӣ сабаб шуда, ки ба ин мақом таъйин шавад.
Маҳмадамин Маҳмадаминов дар охири моҳи апрели соли 2021, вақте ки нав 60-сола шуда буд, бо сабаби “гузариш ба кори дигар” аз вазифааш барканор шуд. Моҳи июни соли 2024 расонаҳо аз муовини раиси раиси “Ориёнбонк”, яке аз бонкҳои низомсози кишвар, таъйин шудани Маҳмадаминов иттилоъ доданд ва тавре сомонаи ин бонк менависад, ӯ то кунун дар ин вазифа аст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳар сол 22 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад. Ин ид дар ҷаласаи 63-юми Маҷмааи Умумии СММ дар соли 2009 таъсис ёфтааст. Ин рӯзи байналмилалӣ аҳамияти барқарорсозии мувозинати одилона байни ниёзҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро барои наслҳои ҳозира ва оянда таъкид мекунад.

Соли 1370 сохтмони қалъаи Бастилия оғоз ёфт, ки бояд Порисро аз ҳамлаҳои англисҳо муҳофизат мекард. Ин қалъа як бинои мураббаъ бо ҳашт бурҷи беш аз 30-метра буд, ки бо деворҳо пайваст буданд. Онро хандақ ва девори дигари муҳофизатӣ иҳота мекарданд. Дар асри XVII, дар давраи кардинал Ришеле, он ба зиндони давлатӣ табдил ёфт.

Дар оғози Инқилоби Фаронса Бастилия аз ҷониби инқилобчиён ишғол ва баъдан хароб карда шуд. Ҳоло дар ҷойи он Майдони Бастилия – маркази ҳамроҳшавии кӯчаҳо ва хиёбонҳо бо зеристгоҳи метро ва Театри операи Порис ҷойгир аст. Дар маркази майдон Сутуни Июл, ёдгории қурбониёни мубориза барои озодӣ қомат афрохтааст.
Имрӯз ҳамчунин, рӯзи таваллуди Владимир Илич Улянов (Ленин-тахаллуси ҳизбӣ ва адабӣ) – доҳии проелетариати ҷаҳон, арбоби сиёӣ ва давлатӣ, бунёдгузори Иттиҳоди Шӯравӣ, яке аз пешвоёни ҳаракати байналхалқии коммунистӣ. Ӯ 22 апрели соли 1870 дар Симбирск (ҳоло Улянов) ба дунё омадааст.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо водибуда борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) дар назар буда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 18+23º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони суст меборад. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 16+18º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 8+10º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 22 ба 23-юми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.





