Дар Тоҷикистон се рӯз бориши борон ва омадани сел пешбинӣ мешавад

Пагоҳ тамоми рӯз дар пойтахт борон меборад.

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз бориши борон ва омадани сел дар рӯзҳои 22-24-уми апрел ҳушдор додааст.

Ин ниҳод аз ҷумла гуфтааст, ки рӯзи 23-юми апрел дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бориши бошиддати борон дар назар аст. 

Ба гуфтаи манбаъ, рӯзҳои 22-24-уми апрел ба далели боришот, дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои доманакӯҳиву кӯҳии вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.

арказ, ноҳияҳои ҷудогнаи вилояти Хатлон, доманакӯҳ ва кӯҳҳои вилояти Суғд, инчунин баъзан дар ғарби ВМКБ ҳодисаҳои фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Бояд гуфт, ки моҳи апрел дар Тоҷикистон нисбатан гарм аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, ҳаво аз оғози моҳ ноустувор шуда, борону раъду барқ, фаромадани туману боридани жола, инчунин баъзан баландшавии суръати вазидани шамол пешгӯӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.