Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Пайрав Чоршанбиев, аsia+

Ҳоким Холиқзода, муовини якуми сарвазири Тоҷикистон, ки ҳамзамон мудири кишвар дар Бонки осиёии рушд (БОР) аст, гуфтааст, ки Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” ҳамчун унсури калидии роҳбурдии нави шарикӣ байни Тоҷикистон ва ин ниҳоди молиявӣ барои солҳои 2026–2030 муайян шудааст.

Ӯ зимни суханронӣ дар иҷлосияи тиҷоратӣ дар доираи Маҷлиси солонаи БОР дар Самарқанд гуфтааст, ки ин бонк афзалиятҳои асосии рушди миллии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, бо ҳадафҳои дарозмуҳлати кишвар то соли 2030 мувофиқа карда шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон лоиҳаро ҳамчунин ба сифати ҳамгироии дарозмуҳлати минтақавии энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ мекунанд.

Афзалиятҳои нави стратегияи БОР

Ба гуфтаи Холиқзода, стратегияи БОР барои солҳои 2026-2030 аз ҷумла рушди энергетика, захираҳои обӣ, зерсохтори нақлиёт ва логистика, инчунин дастгирии бахши хусусиро дар бар мегирад.

Ӯ таъкид доштааст, ки БОР яке аз шарикони калидии Тоҷикистон дар амалисозии барномаҳои рушди устувор ва лоиҳаҳои зерсохторӣ боқӣ мемонад.

“Дар ҳуҷҷат, ба тағйирёбии рақамӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, масоили тағйирёбии иқлим ва баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст”, – гуфтааст ӯ.

Холиқзода зикр кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон дар пасманзари хавфҳои дохилӣ, номуайянии вазъи ҷаҳон ва тағйирёбии муҳити хориҷии иқтисодӣ устувориро нигоҳ медорад.

Ӯ ҳамчунин, хотиррасон кардааст, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ба рушди саноат, ҷалби сармоягузорӣ, афзоиши истеҳсоли молу маҳсулот бо арзиши иловашудаи баланд, инчунин тақвияти нақши бахши хусусӣ дар иқтисод нигаронида шудааст.

Рӯзномаи минтақавӣ ва хавфҳои беруна

Номбурда зикр кардааст, ки Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дастгирии БОР, ба иштирокаш дар лоиҳаҳои зерсохтори минтақавӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт идома медиҳад.

Дар баробари ин, ӯ ба хавфҳои беруна, аз ҷумла вазъияти шадиди сиёсати ҷаҳонӣ, низоъ дар Ховари Миёна, тағйирот дар бозорҳои молиявӣ ва энергетикӣ, инчунин камбудиҳо дар занҷираҳои глобалии таҳвил ишора кардааст.

“Ин омилҳо талабот ба ҳамоҳангсозӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявиро барои нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ ва идомаи ислоҳоти сохторӣ тақвият мебахшанд”, – гуфтааст муовини аввали сарвазири Тоҷикистон.

Холиқзода изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба дастгирии минбаъдаи БОР дар коҳиши таъсири хавфҳои беруна ва таҳкими устувории иқтисодии кишвар умедвор аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.