Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” то имрӯз 60% кортҳояшро аз нав ба қайд гирифта, бо мақсади азнавбақайдгирии кортҳои боқимонда ин равандро то моҳи июн тамдид кардааст.
Ин бонк азнавбақайдгирии ва айнияткунонии кортҳояшро моҳи январ оғоз карда, ҳадафи онро “таъмини бехатарии молиявии мизоҷони худ ва шаффофияти амалиётҳо, инчунин коҳиш додани хавфҳои қаллобӣ” гуфта буд.
Аз “Амонатбонк” рӯзи 16-уми апрел ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки то ин вақт 60% кортҳои бонкиаш аз нав ба қайд гирифта шудааст ва барои “бе мушкилӣ” идома додани бақайдгирӣ, бонк муҳлати онро то 3 моҳаи 2-юми соли ҷорӣ, яъне то моҳи июн тамдид кардааст.
Чӣ гуна кортро дигарбора сабт кард?
Бино бар маълумоти қаблан ироакардаи “Амонатбонк”, барои бақайдгирӣ ба ҳар як муштарӣ SMS-паёмак ирсол мешавад ва дар сурати ҳозир нашудан дар давоми 30 рӯзи баъди ирсоли паёмак, фаъолияти корти бонкӣ муваққатан қатъ мешавад. Корти бонкӣ баъди муроҷиат ба бонк ва сабти дубора баъдан фаъол мешавад.
Азнавбақайдгирӣ тавассути барномаи мобилии махсус дар 75 филиал ва 547 маркази хидматрасонии “Амонатбонк” сурат мегирад.
“Мизоҷон сарфи назар аз он ки дар кадом ноҳия қарор доранд ва корти худро аз кадом филиал гирифтаанд, метавонанд ба дилхоҳ филиал ё маркази хадамоти бонкӣ рафта, онро аз нав ба қайд гиранд”, – иттилоъ дода буданд аз ин бонк.
Барои бақайдгирӣ бояд бо шиноснома ва корт ба дилхоҳ филиали бонк ҳозир шуд. Маълумоти корт ва рақами телефони мобилии мизоҷ дар замимаи барнома ворид ва акси корт, шиноснома ва азхудаксгирӣ (селфи)-и мизоҷ бо шиносномааш гирифта мешавад.
Аз “Амонатбонк” гуфта буданд, барои сабтиноми шахсони дорои маъюбият ва онҳое, ки имконияти ба бонк ҳозир шудан надоранд, масъулон “дар вақти ба мизоҷ мувофиқ ба макони зисти онҳо ҳозир шуда, аз нав сабтином мекунанд”.

Оё бақайдгирӣ бо ваколатнома мумкин аст?
Ба пурсиши ахири “Азия-Плюс” дар бораи имкони сабти дубораи корт тавассути ваколатнома аз ин бонк посух доданд, ки “ин имконпазир аст”.
“Дар асоси ваколатнома низ азнавбақайдгирӣ барои мизоҷоне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, дар ҳолати то бозгашт ба кишвар таъмин гардида, пас аз баргаштан метавонанд расмиёти азнавбақайдгириро анҷом диҳанд”, – гуфтанд аз “Амонатбонк”.
Аммо ба суоли имкони азнавбақайдгирии онлайн посухи мушаххас надоданд. Сокинон таъкид мекунанд, ки чунин имконият вуҷуд надорад. Санҷиши мо ҳам собит кард, ки сабти дубораи корт тариқи онлайн имконнопазир аст.
Аммо аз ин бонк гуфтанд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин иқдом ин аст, ки “кортҳои бонкӣ маҳз аз ҷониби соҳибони худ истифода шуда, амалиётҳо мутобиқ ба талаботи қонунгузории амалкунанда анҷом дода шаванд” ва барои ин ҳузури шахсии мизоҷ дар раванди азнавбақайдгирӣ муҳим аст.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон маоши аксар кормандони бахши буҷетӣ, нафақа ва идрорпулиҳо тавассути корти “Амонатбонк” пардохт мешаванд. Ба иттилои масъулини ин бонк, муштариёни онҳо беш аз 2 миллион корти бонкиро истифода мебаранд.


